No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи рӯзнома вобаста ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки дар давра ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, №248 тасдиқ карда шуд.

Пешбурди корҳои назоратӣ вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноку қитъаҳои замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷо-ниби нозирони Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал ҳамагӣ 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардидаи қонунвайронкуниҳо 7000 дастур дода шудааст.

Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2825067 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.

Дар ин давра Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд дар маҷмӯъ 257 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар ин ноҳияҳо ошкор ва ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳоди манзур гардида, 1 қарори раиси ноҳияи Панҷ бекор карда шуд.

Умуман давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарорҳои қабулгардидаи раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи  73 миллиону 164,4 ҳазор сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 21,1 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 1852 сомониро ташкил намуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305  "Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"  иҷрои 12 банд ба зиммаи Ку-митаи давлатӣ вогузор гардида, айни ҳол биноҳои маъмурӣ дар ноҳияи Айнӣ ва Хуросон барои истифода омода буда, сохтмони бинои нави маъмурӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бинои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва Ш.Шоҳин бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Ҳамчунин бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони кумитаҳои идораи замин ва кор-хонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии  молу  мулки  ғайриманқул” биноҳои собиқ ҶСК "Агроинвестбонк" дар ноҳияҳои М.С.А.Ҳамадонӣ, Ванҷ, Темурмалик, бино  ва иншооти собиқ фили-алҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвест-бонк” дар ноҳияҳои Шуғнон, Ёвон, Лахш  ва ба мувозинаи Кумитаи давлатӣ гузаронида шуд, ки айни замон кормандон дар он фаъолият доранд.

Айни ҳол бошад  сохтмони  бинои маъмурии кумитаи идораи замин  ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи  Ховалинг оғоз гардида, бунёди он муташаккилона идома дорад.

Баъдан роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи кумитаи давлатӣ ва раисони кумитаҳои идораи замин дар маҳал вобастба ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муовини Сарвазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни ҳисоботи онҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба баҳисобгирии миқдори заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешгирии бунёди боғ дар заминҳои обӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд, гузаронидани корҳои геоботаникӣ, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти Кумитаи давлатӣ дахлдошта пурсиш ба намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта  ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.

Дар охири ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ суханронӣ намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, пешгирии қонунвайронкуниҳо, чораҷӯӣ барои истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин, гирифтани се-чор сол аз ҳар қитъа замин ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни кормандон вазифагузорӣ намуд.

359511107 662204372618534 3128025103611077611 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/