No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавоб ба  саволҳои доимии хонандагон вобаста

ба муносибатҳои заминистифодабарӣ

Саволҳои ҳуқуқӣ

Дар кадом асос шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро

пайдо намояд?

Ҷавоб:  Дар асоси   қисми 1 моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона

намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, метавонад   предмети хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо

бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст,

ба дигар шахс гузарад». Тибки банди «и» моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи

замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 

Оё ба шаҳрвандон бо тариқи ройгон ҳуҷҷатҳои заминсозӣ оид ба додан, вобаста намудан ва барасмиятдаровардани ҳуқуқи истифодаи

замин ба танзим дароварда мешавад ё не? 

Ҷавоб: Дар асоси қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва

ҳуқуқҳо ба он" корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонӣ фаъолияти хоҷагидориро

пеш мебаранд ва корхонаҳои мазкур худмаблағгузор мебошанд. Имтиёзҳо аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба молу мулки

ғайриманқул, дар моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" пешбинӣ шудааст ва дар Нархнома барои

хизматрасонии корҳои заминсозӣ ва кадастри замини иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони гурӯҳи 1,

2 ва иштирокчиёни воқеаҳои Чернобил, 50 фоиз ба оилаҳои камбизоат 30 фоиз таҳфиф муқаррар карда мешавад. 

Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ бекор намудани қарори маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии дехқониро дорад оё не?

Ҷавоб: Дар асоси қисми 3 моддаи 13Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермери)» мақомоти давлатӣ ва

шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дахолат намоянд.

Ҳангоми тақсим шудани оилаи шаҳрвандон  қитъаи замини наздиҳавлигии онҳо байни онҳо тақсим мешавад ё не?

Ҷавоб: Дар асоси моддаи 711  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим шудани оилаи

шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ намегардад.

Дар кадом асос амалиёти бақайдгирии давлатӣ рад мегардад?

Ҷавоб: Дар асоси моддаи 36 Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

«Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»  бақайдгиранда анҷомдиҳии

амалиёти бақайдгириро дар ҳолатҳои зерин рад мекунад, агар: 

- шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида барои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ ба талаботи

санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад;

- номувофиқатии натиҷаҳои санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул бо маълумоти дар ҳуҷҷатҳои барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ

пешниҳодгардида пайдо шуда бошад ё санҷиши

таъингардидаи тавсифи молу мулки ғайриманқул бо тартиби муқарраргардида анҷом дода нашуда бошад;

- ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқҳои дигар шахсон вайрон шуда бошанд;

- ҳангоми бақайдгирии давлатӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон

шуда бошанд;

- мавҷудияти сабт оид ба ҳабси молу мулки ғайриманқул, ки нисбати ҳуқуқҳо ба он оид ба

бақайдгирии давлатӣ арз шуда бошад;

- дар як вақт аз аризадиҳандагони гуногун ду ва ё зиёда аризаҳо оид ба бақайдгирии давлатии ҳамон як молу мулки ғайриманқул, ҳамон як ҳуқуқҳо,

маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ дохил шуда бошанд, ки бақайдгирии давлатиашон дар як вақт номумкин аст. Ин асоси радкунӣ барои анҷомдиҳии

амалиёти бақайдгирӣ метавонад фақат дар ҳолате татбиқ гардад, ки агар нисбати ду ё зиёда аризадиҳанда барои рад намудани анҷомдиҳии

амалиёти бақайдгирӣ дигар асосҳо мавҷуд набошанд.

 

Саволу ҷавоб оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул

ва ҳуқуқҳо ба он

Молу мулки ғайриманқул чист?

Ҷавоб: Молу мулки ғайриманқул - мутобиқи моддаи 3 Қонун дар бораи бақайдгирӣ ва моддаи 148

Кодекси Граждании ҶТ номгуйи зерини молу мулки ғайриманқул муқаррар шудааст:

-  қитъаҳои замин ҳамчун моликияти давлатӣ;

- биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом;

- биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии  ҷудогона;

- ниҳолҳои бисёрсола.              

Объектҳое, ки таҳти бақайдгирии давлатӣ қарор мегиранд кадомҳоянд?

Ҷавоб: Объектҳои бақайдгирии давлатӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:

- ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул;

- пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул.

Бақайдгирии дархостиро чӣ гуна метавон фаҳмид?

Ҷавоб: Бақайдгирии дархостӣ- амалиёти  анҷом  додани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул

ва ҳуқуқҳо ба он, ки дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ иҷро мегардад;

Барои бақайдгирии давлатӣ кадом номгуйи ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд?

Ҷавоб: Номгуйи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза (дархост) дар бораи бақайдгириии давлатӣ тибқи намунаи тасдиқгардида;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда (шиносномашаҳодатнома дар бораи  таваллуд ва ғайра);

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул;

- ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатӣ асос мебошанд;

- ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти мушаххасро оид ба намояндаи ваколатдор дар бар мегиранд;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои намоянда;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисони шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;

- ҳуҷҷатҳое, ки тавсифи техникии объекти молу мулки ғайриманқулро дар бар мегиранд;

- парвандаи заминсозӣ;

- пардохтнома дар бораи хизматрасонии корхонаи бақайдгирӣ;

- пардохтнома оид ба супоридани хироҷ ба буҷет.

Асосҳо барои рад намудани қабули ариза (дархост) ва ҳуҷҷатҳо кадомҳоянд?

Ҷавоб: Асосҳо барои рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо ва амалиёти бақайдгирӣ инҳоянд:

- нопурра будани ҳуҷҷатҳо, мутобиқат накардани шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳо ба талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷатҳоазтарафишахсиномувофиқёбатарзиномуносибпешниҳодшудабошанд;

- ариза (дархост) дар бораи бақайдгирӣ аз тарафи шахси номувофиқ имзо шуда бошад;

- амалиёти бақайдгирӣ дар дигар ташкилоти бақайдгирии давлатӣ ё аз тарафи дигар бақайдгиранда анҷом дода шуда бошад;

- ҳуҷҷатҳои дорои маълумотҳои носаҳеҳ ё маълумоте, ки 

ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он мутобиқат намекунанд,

ба истиснои ҳолатҳое, ки номувофиқатӣ бо хатогиҳои техникӣ алоқаманд мебошанд;

- мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод гардида, ба ҳамдигар мувофиқат надошта бошанд;

- молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқ, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқӣ дар ариза (дархост) дар бораи бақайдгирии давлатӣ номбар

шуда ба Қонун дар бораи бақайдгирӣ  мувофиқат надошта бошанд;

- набудани ҳуҷҷат оиди пардохти иҷрои корҳои бақайдгирии давлатӣ ё ба расмият даровардани он;

- дигар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 34 ва 36 Қонун дар бораи бақайдгирӣ дарҷ гардидаанд.

Мӯҳлати иҷрои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он чӣ қадар вақт муқаррар шудааст?

Ҷавоб: Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар давоми 7 (ҳафт) рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар корхонаи

бақайдгирии макони воқеъгардидаи объект (баистиснои объектҳои таъиноти махсус, ки дар ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ ба қайд

гирифта мешаванд) амалӣ карда мешавад. Дар мавриди зиёд будани ҳаҷми корӣ амалиёти бақайдгирии давлатӣ дар давоми 14 (чордаҳ)

рӯзи корӣ  анҷом дода мешавад.

Амалиёти бақайдгирӣ аз тарафи бақайдгиранда бо кадом сабабҳо боз дошта мешавад?

Ҷавоб: Сабабҳо барои боз доштани амалиёти бақайдгирӣ инҳоянд:

- зарурати талаб намудани ҳуҷҷат ё маълумоти иловагӣ;

- анҷомдиҳии баруйхатгирии техникӣ ё санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул;

- дар мавридҳои зарурӣ гузаронидани ташхиси аслӣ будани ҳуҷҷатҳо;

- пешниҳоди аризаи (дархости) шахси манфиатдор, дар мавриди баҳс қарор доштани ҳуқуқ ё маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ, ки бақайдгирии онро

шахси дигари манфиатдор хоҳиш мекунад;

- агар бақайдгиранда ба эътироз доштани шахсони манфиатдор нисбати анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ боварӣ пайдо кунад;

- дар ҳолати ворид шудани маълумоти хаттӣ аз суд дар бораи оғози мурофиа оид ба даъвои дахлдор то ҳалли масъала аз тарафи суд.

Ҳангоми бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз супоридани хироҷ ба кадом гурӯхи шахсон имтиёз муқаррар шудааст?

Ҷавоб: Дар асоси Қонуни Xумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии молу

мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он маъюбон ва иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони дараҷаи I

ва II, маъюбон ва иштирокчиёни фалокати нерeгоҳи барқии атомии Чернобил озод карда мешаванд.

Ҳангоми бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз супоридани ҳаққи хизматрасонӣ ба кадом гурӯхи шахсон имтиёз

муқаррар шудааст?

Ҷавоб: Дар асоси «Нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо

ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникӣ бо

бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он алоқаманд", ки бо қарори Раиси  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2016 №74 тасдиқ карда шудааст, ба иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо  баробар кардашуда,

маъюбони гуруҳи1 ва 2 ва иштирокчиёни фалокати нерeгоҳи барқии атомии Чернобил 50 фоиз ва ба оилаҳои камбизоат 30 фоиз тахфиф муқаррар

карда шудааст.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул асос мебошанд, кадомҳоянд?

Ҷавоб: а) Барои қитъаи замин - парвандаи заминсозӣ (қарори мақомоти дахлдор), ки майдон, намуди замин ва таъиноти мақсадноки қитъаи

заминро тасдиқ менамояд;

б) Бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ:

- ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда;

- шиносномаи техникии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, ки тибқи қонунгузорӣ тайёр карда шудааст;

- нисбат ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматие, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ бунёд шудаанд ё тағйир ёфтааст, инчунин ҳуҷҷате, ки қабули

бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматиро барои

истифодабарӣ тасдиқ мекунад;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки риояи талаботҳои зиддисухторӣ, санитарӣ, экологӣ ва сохтмониро барои биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо тартиби

муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Номгуйи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии шартномаҳоигарави молу мулки ғайриманқул пешниҳодшавандаро номбар кунед.

Ҷавоб: Барои бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул   шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Корхонаҳои давлатии фаръии

«Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ пешниҳод

менамоянд:

а) аризаи гаравдеҳ ё гаравгир мувофиқи замимаи тасдиқгардида;

б) ҳуҷҷате, ки ваколати намояндаи ваколатдорро тасдиқ менамояд;

в) нусхаи шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул, ки аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ гардидааст;

г) нусхаи шартнома ва ё ӯҳдадории қарзӣ, ки бо мақсади шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул баста шудааст;

д) барои шахси воқеӣ – нусхаи шиноснома ва барои шахси ҳуқуқӣ- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

е) пардохтномаи маблағи хироҷ;

ж) пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда.


 Саволу ҷавоб оид ба замионсозӣ

Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ қитъаи замин бо кадом меъёрҳо ҷудо карда мешавад?

Ҷавоб: Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи меросии якумра барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо меъёрҳои зерин

дода мешавад:

а) аз заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ бо меъёри миёнаи саҳми замин дар ин ташкилот ба ҳар як аъзое, ки ҳуқуқи саҳми заминро доранд;

б) аз заминҳои фонди махсус ба меъёри миёнаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) саҳми замин ба ҳар як аъзои қобили меҳнат, ки хоҳиши ташкили хоҷагии деҳқонӣ

дорад.

Бо кадом тартиб қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар намудҳои хоҷагидорӣ

ташкил карда мешавад?

Ҷавоб: Заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар намудҳо хоҷагидорӣ дар байни аъзои доимии он, инчунин бо қарори маҷлиси умумии онҳо ба рӯйхати

саҳмдорон дохил кардани дигар шаҳрвандон бо тариқи саҳмдорӣ ба ҳиссаи муайяни замин, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин менамояд ва

вобаста ба шароити маҳал, ҷойгиршавии захираҳои замин, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар омилҳо шартан тақсим карда мешавад. Андозаи саҳми

заминро кумитаҳои заминсозии ноҳия (шаҳр) муқаррар намуда, мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) онро тасдиқ менамояд.

Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он кадом ӯҳдадориҳоро доранд?

Ҷавоб: Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, ӯҳдадоранд:

а) қитъаҳои заминро самаранок ва тибқи таъиноти мақсаднокистифода баранд;

б) ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба халалдоршавии ҳолатиагроэкологӣ, мелиоративӣ ва санитарию гигиении замин роҳ надиҳанд;

в) ҳуқуқҳои заминистифодабарандагони дигарро халалдор вамаҳдуд насозанд;

г) ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ усулҳоеро истифода намоянд, ки пешгирии паҳншавии касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳоирастанӣ ва

чорворо таъмин менамоянд;

д) оиннома ва шартнома оид ба фаъолияти якҷояро риоя намоянд;

е) қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, амнияти экологӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва тақсимоти фоидаи софро

риоя намоянд;

ё) иҷрои ӯҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.        

Дар кадом мавридҳо фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ қатъ гардонида мешавад?

Ҷавоб: Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

а) тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин;

б) қарори аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар бораи қатъи фаъолияти он;

в) агар ягон узви хоҷагии деҳқонӣ ё ворисе боқи  намонад, ки майли давом додани фаъолияти хоҷагӣ дошта бошад;

г) истифодаи қитъаи замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ;

е) дар асоси қарори суд

ё) аз сабаби муфлисшавӣ;

ж) ба шакли дигари ҳуқуқӣ – ташкили табдил додани хоҷагии деҳқонӣ.

Бо кадом тартиб хоҷагии деҳқонӣ барҳам дода мешавад?

Ҷавоб: Тартиби барҳамдиҳии хоҷагии деҳкониро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар сурати барҳам додани

хоҷагии деҳқонӣ амвол ва маблағҳои пулии он барои пардохти ҳаққи меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, пардохт ба буҷет,

баргардонидани кредити бонкӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад. Амволи боқимонда ва маблағи аз фурӯши он

ба дастомада ҳамчун моликияти якҷоя боқи мемонад ё байни аъзои хоҷагии деҳқонӣ тақсим мешавад.

Арзиши корҳои ҷудо намудани қитъаи замин, хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникӣ бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва

ҳуқуқҳо ба он алоқаманд дар кадом асос сурат мегирад?

Ҷавоб: Корҳои хизматрасонӣ оид ба додан ва вобаста намудани қитъаи замин, хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникӣ бо бақайдгирии давлатии молу

мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он алоқаманд дар доираи “Нархнома барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии

бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории

ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқии бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он алоқаманд” бо дархости шахсони воқеӣ

ва ҳуқуқӣ,  ки тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”

ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар нархномаи мазкур тамоми намуди корҳои иҷромешуда, ченак ва нархи он

асоснок ва муайян карда шудааст, ки аз тарафи хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №02-04.7/290 аз 6 марти соли 2017

тасдиқ карда шудааст.

Тартиби додани қитъаи замин чӣ гуна ба амал меояд?

Ҷавоб: Қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.

Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Андозаи ниҳоии (ҳадди аққал ва аксари) қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти гуногун, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

ҳуқуқи бегона намудани онҳо барои истифода дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 71 Кодекси замин пешбинигардида, аз ҷониби

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он?

Ҷавоб: Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино (иморат, иншоот) ҳуқуқи истифодаи қисмати замин, ки ин бино (иморат, иншоот)

дар он қарор дорад, ҳамчунин қисми ҳамшафати  он  қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур аст, ба шахси ин

биноро харида бемузд мегузарад. Қисми қитъаи замине, ки аз ҳудуди барои истифодабарӣ ва хизматрасонии (иморат, иншоот) зарур зиёд мебошад,

бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври музднок мегузарад. Зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби

муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба

замин ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ӯ мегузарад, вобаста карда мешавад. Дар ҳолати пурра

истифода набурдани қитъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотҳо дар он қарор доранд, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини истифоданашуда

қатъ гардонида мешавад. Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, дар баробари ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи

замини наздиҳавлигӣ низ ба вай мегузарад. 

Ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин?

Ҷавоб: Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро барои ба гарав мондан ҳуқуқ доранд.

Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба гарав таъмин мекунад, наметавонад аз мӯҳлати истифодаи қитъаи замини ба

гарав мондашуда зиёд бошад. Агар қисми қитъаи замин ҳамчун қитъаи замини алоҳида тақсим нагардида, ҳуқуқи истифодабарӣ бо ҳуқуқи бегона

намудани он тибқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ нашуда бошад, гарави ҳуқуқи истифодабарии он иҷозат дода намешавад.

Тартиб ва хусусиятҳои ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» муайян карда

мешавад.

Шартҳои гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ?

Ҷавоб: Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин бояд на дертар аз як сол то

гирифтани қитъаи замин дар бораи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври хаттӣ

огоҳ карда шавад. Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин, ки дар бораи гирифтани

қитъаи заминаш барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ қарор қабул карда шудааст, то аз тарафи суд қабул шудани қарор аз рӯи даъво ҳуқуқи ба

замин доштаашро амалӣ менамояд, истифодабарии қитъаи заминро мувофиқи таъиноташ таъмин менамояд.


Вобаста ба руйхатигирии техникӣ


Барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст?

Ҷавоб: 1. Ариза(дархост)

2.Шиносномаи шахсият. (паспорт)

3.Хуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба моликият (аҳдҳои тасдиқшудаи нотариати давлатӣ, ҳалномаи суд оиди эътирофи моликият, шаходатномаи

қонунигардонии молу мулки ғайриманқул,ордери манзил ва дигар ҳуҷҷатҳо)

4.Ҳангоми надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба моликият, пешниҳод намудани маълумотнома оиди мансубияти моликият ба шахси

муроҷиаткунанда.

Агар шиносномаи техникиро бо ягон сабаб гум карда бошам чихел онро барқарор намудан лозим аст?

Ҷавоб: Дар ҳолати гум шудани шиносномаи техникӣ соҳибмулк ё истифодабаранда (ё намояндаи ваколатдори он) ба Ташкилоти минтақавии

маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза(дархост) оиди барқарор намудани нусха (дубликат) аз асли шиносномаи техникӣ;

- нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷат барои муайян намудани шахсияти соҳибмулк ё истифодабаранда(ё намояндаи қонунии он);

- ваколатнома (дар ҳолати аз тарафи намояндаи ваколатдори соҳибмулк ё истифодабаранда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо);

- эълон дар яке аз рузномаҳои давлатӣ оиди аз эътбор соқит донистани шиносномаи техникӣ бинобар гум шуданаш;

- дар ҳолати дар сўхтор нобуд шудани шиносномаи техникӣ пешниҳод намудани маълумотнома аз идораи сўхторхомушкунӣ оиди сўхтори молу

мулки ғайриманқул;

- дигар намуди маълумотномаҳо, ки ҳангоми барқарор намудани нусха аз асли (дубликати) шиносномаи техникии гумшуда лозим мешаванд;

Оё барои тайёр намудани шиносномаи техники ягон имтиёзҳо барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мавҷуд ҳаст ё не?

Нархнома барои хизматрасонии корҳои баруйхатгирии техникӣ барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда,

маъюбони гуруҳи 1, 2 ва иштирокчиёни воқеаҳои Чернобил 50 фоиз ва ба оилаҳои камбизоат 30 фоиз тахфиф муқаррар карда мешавад.

Агар шартномаи хариду фуруш дошта бошам шарт ҳаст ки барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ муроҷиат кунам?

Шиносномаи техникӣ ин ҳуҷҷати техникӣ мебошад, ки дар он маълумотҳо дар бораи мавҷудият, ҷой, майдон, арзиши молу мулки ғайриманқул,

масоҳати молу мулки ғайриманқул, тавзеҳоти самти истифодабарии молу мулки ғайриманқул, тавсифҳои техникии қисмҳои конструктивии молу

мулки ғайриманқул, рақами кадастрӣ, ва дигар маълумотҳоро дар бар мегирад.

Оё дар вақти қабули мерос ба моликият баъди фавти соҳибмулк, шиносномаи техникӣ ба шахси фавтида тайёр карда мешавад?

Ҷавоб:  Агар дар корхона маълумот оиди манзили шахси фавтида мавҷуд бошад, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул

оиди шахси фавтида тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасии мерос дода мешавад.

б) Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумот оиди молу мулки ғайриманқул ба шахси фавтида бо дархости мақомоти судӣ шиносномаи техникӣ ба

молу мулки ғайриманқули шахси фавтида тайёр карда шуда барои баррасии мерос пешниҳод карда мешавад.

Оё барои сохтмонҳои худсарона сохташуда шиносномаи техникӣ тайёр карда мешавад?

Ҷавоб: Дар мавриди ошкор  гардидани бино ё иншоотҳои худсарона сохташуда (ё қисмҳои онҳо), ҳамчунин замини худсарона ишғолшуда онҳо аз

рўи қоидаҳои умумии муайяннамудаи дастурамал таҳти баруйхатгирии техникӣ қарор мегиранд.Аз хусуси ҳолатҳои ошкоршудаи сохтмони худсарона

сохташуда ё худсарона ишғол намудани қитъаи замин Ташкилоти минтақавӣ дар муҳлати 10 (даҳ) рўз пас аз гузаронидани баруйхатгирии техникӣ

мутобиқи замимаи №12- и Дастурамал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври ҳатмӣ ахборот ирсол менамояд.

Дар шиносномаи техникӣ кадом намуди ҳуҷҷатҳо замима карда мешавад?

Ҷавоб: Дар шиносномаи техникӣ асосан ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нақшаи кулли қитъаи замин бо миқёси 1:500 ва 1:1000;

- нақшаи ошёнавии биноҳои асосӣ бо миқёси 1:100 ва 1:200;

- истифодабарии бинои асосӣ;

- тавсифи қисмҳои конструктивии биноҳо;

- тавсифи ниҳолҳои бисёрсолаи дар қитъаи замин мавҷудбуда;

- муайянкунии арзиши барқароркунӣ ва арзиши аслии молу мулки ғайриманқул;

Нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои барўйхатгирии техникӣ дар бойгонии корхонаҳои фаръии минтақавии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул нигоҳ дошта

шуда, ба фармоишгар шумораи зарурии нусхаи ин ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/