No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

РАИСИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА НАФАҚА ГУСЕЛ КАРДА ШУД

340601673 1263367994584493 2776384445397069157 nИмрӯз дар вазъияти тантанавӣ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Баҳром Ҳамроев, ки аз соли 2018 то инҷониб дар ин вазифаи пурмасъулияти хизмати давлатӣ фаъолият дошт, ба нафақа гусел карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни сухани табрикоти худ қайд намуд, ки Ҳамроев Баҳром Худойқулович аз зумраи кадрҳои ботарҷибаи Кумитаи давлатӣ буда, номбурда пас аз хатми донишгоҳ, шурӯъ аз соли 1982 то ба имрӯз дар соҳаи заминсозӣ, аз ҷумла мансаби раиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Ҷ.Расулов, Ашт ва Шаҳристон, инчунин дар вазифаи директори корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Деваштич фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дошт.

Фаъолияти бенуқсони Ҳамроев Б.Ҳ. бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» ва дигар мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Баҳром Ҳамроев барои чунин қадршиносӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои фаъолият дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи заминсозӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, шахсоне, ки садоқатмандона меҳнат мекунанд ба таври шоиста қадрдонӣ мешаванд, миннтадории самимӣ баён намуд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/