No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН БИНОИ НАВИ МАЪМУРӢ БУНЁД МЕШАВАД

291094168 919096029486765 6080802058589795528 nДар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бунёди бинои нави маъмурӣ барои кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўрӣ бо масъулин ва сохтмончиён сўҳбат намуда, дастури қатъӣ дод, ки иншооти мазкур бояд дар наздиктарин фурсат ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад.

Вобаста ба ин роҳбарони кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон, инчунин КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати вусъати корҳои сохтмонӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, то солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки барои бунёди бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 0,09 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.

Тибқи лоиҳа ин бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 3120 метри мураббаъ бунёд гардида, он аз ду ошёна, 11 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бунёд иборат хоҳад буд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур ба кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Хуросон шароити боз ҳам хубтару беҳтари корӣ фароҳам оварда мешавад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/