No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баргузор шуд, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаи идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилоятҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин директорони муассисаву корхонаҳои зертобеъ иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараро Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оғоз намуда, баъд аз тасдиқ гардидани рӯзномаи ҷаласа вобаста ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва зерсохторҳо дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар семоҳаи аввали соли 2021, пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати назорати истифодаи ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимит-атсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра, лоиҳаи қарор «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда ва тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали 2021, №32 тасдиқ гардид.

Тибқи ҳисоботи солонаи замин ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағийр монда, ба ҳолати 1 январи соли 2021-ум 14 миллиону 137 ҳазору 907 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 762 ҳазору 851 гектараш обӣ буда, нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2020-ум 653 гектар заминҳои обӣ зиёд шудааст.

Майдони умумии заминҳои дар кишоварзӣ истифодашаванда 4,7 миллион гектарро ташкил дода, аз он 617 ҳазор гектарашро обӣ ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраршуда ба вазорати дахлдор пешниҳод гардид.

Ҳамчунин бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ соли 2020 биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, А.Ҷомӣ бунёд гардида, бинои маъмурӣ дар ноҳияи Ишкошим навсозӣ шуд, ки асосан аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ сохта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бошад бунёди биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Хуросон, Хуҷанд, Айнӣ ва Варзоб идома ёфтанд.

Дар баробари ин, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули шаҳрвандон баён шуда буд, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби роҳбарият шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Аз ҷумла, давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Кумитаи давлатӣ 91 адад муроҷиати хаттӣ ворид гардида, аз тарафи роҳбарият дар рӯзҳои қабул 82 муроҷиати шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва дар муҳлатҳои муқарраршудаи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал зиёда аз 15800 муроҷиатҳо ворид гардида, баррасӣ ва корбарӣ шудаанд.

Сипас, сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода баромад намуда, фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва зерсохторҳои онро дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ таҳлил намуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода камбудиҳои ҷойдоштаро вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии замин ва хариду фуруши он дар шаҳру ноҳияҳо, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории замин, инчунин тоза кардани ҳайати кормандон аз шахсони тасодуфӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноят ба таври мушаххас таҳлилу баррасӣ намуда, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои қатъӣ дод.

171199697 580662359996802 5668372778754536020 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/