Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
30.01.2018, шаҳри Душанбе
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт сокинону меҳмонон аз эҳёи боз як иди дигар — Сада, ки бастагӣ ба таъриху фарҳангӣ мардуми тоҷик дорад, истиқбол карданд. Ҷашни сирф миллӣ — Садаро имсол бори нахуст бо чунин ҳашамату шукӯҳ таҷлил мекунанд ва пас аз Наврӯзу Меҳргон ин аллакай сеюмин иди миллиест, ки пас аз фаромӯшиҳо бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз соҳиби мақому манзалат гардид.
Иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нав дар ҳаёт аст, ки баъди сардию карахтии фасли зимистон, мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Бо ҷашн гирифтани иди Сада ниёгони ориёнажод ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолиятҳои пурмаҳсул ва аввалин созмондиҳандагони зиндагиву ҳаёти навин мебошад.
Дар доираи ин ҷашн ҳамчунин дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо ва асбобу олоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин баробар аҳли Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули фаъолияти пурсамари хешро ба намоиш гузоштанд, ки тамошобинон тавваҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.