Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ-асоси пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ
14.12.2017, шаҳри Душанбе
Гурӯҳи кории Кумитаи давлатӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 3 октябри соли 2017, бо мақсади иҷрои банди 20-и протоколи ҷаласаи назоратӣ дар назди Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 – декабри соли 2017 № 39 ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминистифодабарӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ доир ба замин бо аҳолии ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Чимтеппа, Сарикиштӣ, Гулистон, Россия, Роҳатӣ ва Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзҳои 6-8 декабри соли ҷорӣ ҷаласаҳо гузаронид.