Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.11.2017, шаҳри Душанбе
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат манфиатҳо ва иродаи халқ ё худ гуруҳҳои алоҳидаи иҷтимоии ҷамъиятро ифода намуда, асосҳои муҳими сохтори ҷамъиятӣ ва ташкили ҳокимияти давлати дахлдорро дар заминаи манфиатҳои онҳо мустаҳкам месозад-таъкид гардид дар ҷамъомаде, ки имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон барои муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон нақши бориз дорад.
Давоми ин солҳо дар заминаи Конститутсия дигар Қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ниҳоду ташкилотҳо асос ёфтаанд.
Дар ин замина дар бахши заминсозӣ низ қарору Қонунҳои марбута қабул гардида, фаъолияти ин ниҳодро ба танзим медароранд.
Қумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар навбати худ дар асоси ин Қонунҳо, ки аз Конститутсияи сарчашма мегиранд фаъолият намуда, дар самти истифодаи мақсадноки замин, пешгирӣ аз ҳолатҳои фурӯши замин ва дигар масъалаҳои марбут ба заминсозиву бақайдгирии амволи ғайриманқул корҳои назаррасеро анҷом додаст.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин меҳмонон аз Суди Конститутсионӣ ва Прокуратураи генералӣ низ иштирок доштанд. Таъкид шуд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шудааст. Дар айни замон бо мақсади ҳимояи арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории миллии тоҷикон тағйирнопазирии шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҳадафҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардидааст.
Бо зикри муҳимияти ин санади сарнавиштсоз гуфта шуд, ки аҳаммияти таърихии Конститутсия дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар беназир буда, он омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Бо назардошти он ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагист, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.