31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сарраёсати кадастри давлатии замин

 Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Сарраёсат

   Пешбурди корҳои кадастри давлатии замин ба воситаи гузаронидани корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯии аэрокайҳонӣ, топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ ва дигар таҳқиқотҳо оид ба гузаронидани корҳои баҳисобгирии миқдор, сифат, баҳо ва арзёбии иқтисодии заминҳо;

Омода кардани маълумот дар бораи миқдори заминҳо ва тақсимоти он ба гурӯҳҳо, намудҳои замин ва тартиб додани фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Такмил додани технологияи коркард, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, азнавкунӣ ва пешниҳод намудан ба истифодабарандагон маълумотҳои боэътимоду аниқи кадастри замин;

Қабул намудани ҳуҷҷатҳои сметавӣ - лоиҳавӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои тобеи Кумитаи давлатӣ;

Назорат аз болои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва тартиби аз як гурӯҳ ба дигар гурӯҳ ва аз як намуд ба дигар намуд гузаронидани заминҳо;

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо оид ба таҳия ва такмили қонунҳо, қарорҳо, Низомнома, дастурамал ва қоидаҳо;

Назорати азхудкунии заминҳои нав ва заминҳое, ки барои азхудкуни ҷудо мешаванд;

Иштирок дар комиссияи давлатӣ оид ба қабули объектҳои анҷомёфта, ба кор омодакунии заминҳои навкорам ва ба истифода додани онҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба гузаронидани заминҳо аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар ва (заминҳои каммаҳсул, бемаҳсул ва пурмаҳсул) аз як намуд ба намуди дигар;

Омода ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо доир ба такмили кадастраи замин ба шӯрои илмӣ-техникии Кумитаи давлатӣ, амалӣ гардонидани назорат оид ба иҷроиши онҳо;

Банақшагирии корҳо, маблағгузории он ва амалӣ намудани назорати техникӣ ва сифати ҳуҷҷатҳои лоиҳаи ҷустуҷӯӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои тобеи Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд;

Таҳияи корҳои ташкилӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ оид ба заминсозӣ, ки вобаста ба гузаронидани корҳои кадастра ва заминсозӣ омода шудаанд;

Бо ҳамкории дигар сохторҳои Кумита тайёр ва таҳия кардани қонунҳо, қарорҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо оид ба такмил додани кадастри замин ва заминсозӣ;

Бо тартиби муқарраршуда таъмин намудани назорат оид ба дуруст бурдани кадастраи замин;

Анҷом додани корҳо оиди бо тариқи электронӣ ва рақамӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои кадастри замин;

Гузаронидани инвентаризатсия дар ҳамаи гурӯҳҳо ва намудҳои заминҳо бо мақсади ошкор кардани заминҳои дар истифодаи кишоварзӣ набуда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкил намудани фонди махсус ва азнавтақсимкунии онҳо ҷиҳати таъмини истифодаи пурра ва самараноку оқилонаи замин;

Бурдани назорат оид ба дурустӣ ва саҳеҳии маълумотҳои кадастрӣ ва заминсозӣ, ки аз тарафи кумитаҳои заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ташкилотҳои тобеъи Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд;

Иштироки бевосита дар тайёр намудани барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии истифода ва ҳифзи захираҳои замин бо назардошти пешбурди ин соҳа дар тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Андешидани чораҳои зарурӣ оид ба такмилдиҳии кадастри замин;

Таъмин намудани меъёрҳо оид ба муайян кардани зарари заминистифодабарандагон ва ҷуброни зарари истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба ҷудо намудани қитъаи замин вобастагӣ дорад;

Бурдани ҳисоботи ҷорӣ бо тарзи электронӣ, фавран ворид намудани таѓйиротҳои дар маҳал баамаломада;

Назорат аз болои мақомоти маҳаллии заминсозӣ ва дигар корхонаҳои тобеъи Кумитаи давлатӣ ҷиҳати бурдани ҳисоботи ҷорӣ;

Ташкил намудани марзакашии заминҳо бо муқаррар ва барқарор намудани сарҳадҳои воҳидҳои маъмуриву ҳудудӣ ва танзими техникии онҳо. 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj