31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти хоҷагии халқ бо дарназардошти ҳуқуқ ба заминистифодабарӣ, соҳибият ба молу мулки ғайриманкул, ҳифзи замин, инчунин барои болоравии истеҳсолоти хоҷагии халқ, моҳи марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» қабул карда шуд. Қонуни мазкур асос барои гузаронидани ислоҳоти оянда дар соҳаи заминистифодабарӣ гардидТаърихи тараққиёти аввалин идораи давлатии ба танзими муносибатҳо вобаста ба ташкил додани шароит баҳри истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, аз таъсис додани Сарраёсати замини назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Моҳи марти соли 1992 дар заминаи Сарраёсати мазкур Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти замин ва заминсозӣ таъсис дода шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1992 №ФП-132 роҳбари он Аҳмадов Абдулло таъин гардид. Аммо дере нагузашта кумитаи мазкур барҳам дода шуда, моҳи феврали соли 1993 ба Сарраёсати захираҳои замин ва заминсозии Вазорати хоҷагии қишлоқ табдил дода шуд. 25 июни соли 1996 таҳти № 522 Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» ба табъ расид. Дар банди якуми фармони мазкур омадааст: «Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ таъсис дода шавад». Ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ супориш дода шуда буд, ки дар мўҳлати як моҳ Низомномаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи кумитаҳои маҳаллии заминро таҳия ва тасдиқ намояд. Баъдан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1996 таҳти №422 Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгўи корхонаҳои зертобеи он тасдиқ карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 1996 №361 Қобилов Бахтиёр Мирзотошевич раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар назди Кумита вазифаҳои зерин гузошта шуда буд: амалӣ гардонидани назорати давлатӣ аз болои истифода, ҳифз ва риояи қонунгузории замин, суръат бахшидан ба ҷараёни ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, муайян намудани самтҳои асосӣ ва роҳҳои азнавташкилдиҳии онҳо, мукаммалгардонии муносибатҳои бозоргонӣ, иштирок дар таҳияи чорабиниҳо доир ба ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи оқилонаи заминҳо ва ривоҷи тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ вобаста ба замин. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 1998 ба вазифаи Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Саъдулло таъин карда мешавад. 25 марти соли 2000 таҳти №133 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасад, ки мувофиқи он Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Ба Кумита дар амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба соҳаи заминсозӣ, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатии истифодаи оқилонаю ҳифзи замин; дар танзими муносибатҳои вобаста ба замин, пешбурди кадастри давлатӣ ва мониторинги замин, назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои замин нақши асосӣҷудо шуда буд. Аммо бо вуҷуди ин сохтори Кумита ба талаботи ҳукумат дар соҳаи заминсозӣ мувофиқат намекард. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба шароити тағирёбандаи иқтисоди мутобиқ намудани системаи идораи давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2001 таҳти № 534 дар заминаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001, № 535 Гулмаҳмадов Д.Қ Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Сохтори навтаъсис сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи заминсозӣ пеш бурда, татбиқи қарорҳои қабулгардида оид ба заминсозӣ, истифодаи замин ва муносибатҳои марбут ба заминро идома медод, инчунин бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳои заминистифодабаронро бар зимма дошт. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 534 «Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 таҳти № 189 «Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо ин қарор Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгўйи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо он анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шуд. Дар низомнома гуфта шудааст, ки Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриявии идораи давлатӣ буда, барои ҳолат ва таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои марбут ба замин ва анҷом додани ислоҳоти замин масъул аст. 01 августи соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    № 349 «Консепсияи истифодабарии заминҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд. Консепсияи мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи амнияти озуқавории Комиссияи аврупоӣ кор карда шудааст. Консепсия амалисозии барномаҳои ояндадори бисёрсоларо бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки замин, ташкили шароит барои рушди минбаъдаи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқ дар назар гирифтааст. Нақши асоси дар иҷрои консепсия ба зиммаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Пас аз интихоботи президентӣ ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофияти фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2006 таҳти № 9 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки мувофиқи он ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот» вогузор мегардад. Ҷиҳати иҷрои фармони мазкур, қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 613 «Дар бораи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракуни ва Номгўи корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Заруриятро дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ва умури тахассусии харитасозӣ-геодезӣ дар иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, соли 1993 бо Қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Тоҷикаэрокосмогеодезия» ва Корхонаи № 23, Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдтар Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харитасоз» таъсис дода шуд. Аммо норасоии маблағ, набудани мутахассисони баландихтисос ва кормандони илмӣ, нодуруст муайянкунии мақоми фаъолияти хоҷагӣ ба пешравии соҳа, аққалан, ба дараҷаи хадамоти харитасозии Осиёи Миёна имкон надод. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, 2 июни соли 2003 таҳти № 1032 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ду сохтори давлатӣ Агентии миллии кайҳонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харитасоз» Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот» ташкил дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 июли соли 2003 таҳти №246 Низомномаи он тасдиқ гардид. Мувофиқан вазифаю ўҳдадориҳо, инчунин доираи фаолияти илмӣ-тадқикотӣ ва корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ васеъ карда шуданд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокиров Маҳмадтоир директори генералӣ таъин гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2006 № 559 Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Моҳи январи соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокиров Маҳмадтоир директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мувофиқи низомномаи тасдиқшуда Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, барои:

- ҳолат ва таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои марбут ба корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳони ва харитасозӣ;

- назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминҳо, геодезия, инкишофи минбаъдаи сатҳи техникии корҳои давлатии топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;

- гузаронидани корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, корҳои илми тадқиқотӣ оид ба омўзиши захираҳои табиӣ бо истифодаи аксбардории аэрокайҳонӣ барои таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва комплекси мудофиавии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, маводи аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, бақайдгирии ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва анҷом додани ислоҳоти замин;

- иштирок дар корҳои делимитатсионӣ ва таъмини корҳои демаркатсионии хатти сарҳади давлатӣ масъул мебошад;

Дар ин давра тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мутобиқи моддаи 12 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 42 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 марти соли 2010 № 832 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори ҲукуматӣҶумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2010 № 225 дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва номгўи корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014 «Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил ёфт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2015 № 396 Ятимзода Акбар Табарӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар давоми фаъолияташ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмиллалии Комиссияи Аврупоӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ, CIDA, USAID, Sida, FAO, UNDP, FINMEP ва намиояндагони сафоратҳои як қатор давлатҳо вохуриҳо гузаронидааст. Аз ҷумла, дар ин давра бо ташкилотҳои Sida, FAO, UNDP ва FINMEP дар доираи ҳамкориҳо тибқи қарордодҳои бо ин ташкилотҳо баимзорасида, баҳри пешбурди масъалаҳои марбут ба соҳа оид ба раванди ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, низомномаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, дорӣ гардидани андози ягона аз замин, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар хоҷагиҳои таҷдидшавандаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар назди Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори кишоварзӣ» аз 11 октябри соли 2005 бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ фаолият карда истодаанд. Вазифаҳои асосии марказҳои кадастрии ташкилнамудаи Лоиҳа дар минтақаҳои Вахш, Кўлоб, Ҳисор, Рашт, Хўҷанд, Зарафшон ва Кўҳистони Бадахшон аз нав ташкил додани ташкилотҳои кишоварзӣ ва ба деҳқонон ба таври ройгон тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ ва супоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 № 661 Аҳмадзода Раҷаббой Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 88 аз 02.03.13 «Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» Корхонаи воҳиди давлатии «Марказ-Замин» бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комму-налӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шакли муттаҳидсозӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо корхонаҳои давлатии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 498 аз 1 августи соли 2014 Умариён Раҳмон Фақерзода директори он таъин гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар доираи салоҳияти худ корҳои вобас-та ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро ба анҷом мерасонад. Аз қабили ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи молу мулки ғайриманқул, пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ, инчунин ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои нисбати молу мулки ғайри-манқул; истифодабарии якумраи меросӣ, бемўҳлат,  мўҳлатноки қитъаи замин;  ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он; иҷораи қитъаи замин; пешбурди хоҷагидорӣ; идоракунии ваколатӣ; идоракунии оперативӣ; иҷора ба мўҳлати зиёда аз як сол; иҷораи фаръӣ; беподош истифода бурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, бинои ҷудогона; ниҳолҳои бисёрсола; бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои ҷудогона, иншоот ва сохтмони нотамом;  сервитут; шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул (ипотека), ҳабс; муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи эътирофи он ҳамчун объекти меросии таърихию фарҳангӣ; муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи хизматрасонии хати барқгузар, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисиро ба қайди давлатӣ мегирад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 432 аз 02.07.15 “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” ба тасвиб расид, ки тибқи муқаррароти он давраи гузариш бо давомнокии шаш моҳ муқаррар карда шуда, ҳафт воҳидҳои марзию маъмурӣ: Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт, Бохтар, Кулоб ва Хоруғ шаҳру ноҳияҳои пилотӣ муайян карда шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ оғоз аз 2 июли соли 2015 бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо бо он” ба роҳ монда шуд. Корхонаҳои давлатии фаръӣ аз 2 январи соли 2016 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро оғоз намуданд.  

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj