ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамасола санаи 16 ноябр чун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар толори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки муовинони Раис, сардорони Сарраёсат, раёсат, шӯъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаю муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, инчунин бо ширкати ҳамаи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи видео-онлайн, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Каримзода Азизмамад Душанбе ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки дар ҷаласаи имрӯза, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуриддин Асрорзода иштирок доранд.

Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ роҷеъ ба фаъолият ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Номбурда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи муқаддасу таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи таҳсин ва бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро бори дигар водор менамояд, ки сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бештару беҳтар тарѓибу ташвиқ намуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат боз ҳам хубтару беҳтар фаъолият намоем.

Баъдан, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуриддин Асрорзода доир ба нақши Пешвои муаззами миллат дар барқарор намудани сулҳу суботи комили сартосарӣ, баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

356565