No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маводи иттилоотӣ

дар бораи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»

 

Номи расмии корхона- Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»

Маҳалли ҷойгиршавии корхона: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кучаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50

Почтаи электронии корхона: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ;

umariyon








 


Директор - Умариён Раҳмон Фақерзода

Рӯзҳои қабул: чоршанбе 900-1200, шанбе 800-1200




akram nabievich









Муовини якуми директор - Қаҳоров Акрам Набиевич, телефон: 378-815-021

Рӯзҳои қабул: сешанбе 1300-1600, шанбе 800-1200


 

safol








Муовини директор - Шарифзода Сафол Нураҳмад, телефон: 378-818-832

Рӯзҳои қабул: панҷшанбе 1300-1600, шанбе 800-1200




umron








Муовини директор – Раҳмонов Умрон Ғуфронович

Рӯзҳои қабул: ҷумъа 1300-1600, шанбе 800-1200



Намояндагиҳои КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилоятҳо:

  • дар вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, кучаи А.Фирдавсӣ, 116

директори намояндагӣ Ғафуров Юсуфҷон Сатторович

тел. (83422) 6-68-95, 4-01-06

          Рӯзи қабул: панҷшанбе 1300-1600

  • дар вилояти Хатлон – ш. Қурғонтеппа, кучаи Б.Ғафуров, 6а

директори намояндагӣ Зоиров Рустам Қувватович

тел. (832) 872-09-42

          Рӯзи қабул: чоршанбе 1300-1600

          муовини директор Ғаниев Ҷумъахон

          ш.Кулоб, хиёбони И.Сомонӣ, 35, ошёнаи 3

тел. (83222) 2-35-87

          Рӯзи қабул: чоршанбе 1300-1600

  • дар ВМКБ – ш.Хоруғ, кучаи Охунҷонов, 80

директори намояндагӣ Додихудоев Муҳаммадӣ Амрихудоевич

тел. 93-822-01-45

          Рӯзи қабул: чоршанбе 1300-1600

 Ташкилёбии корхона

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо корхонаҳои фаръии зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 88 «Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва Фармони Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» аз 25.12.2014, №269 таъсис ёфтанд.

КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар нақшаи (системаи) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.

Салоҳият ва фаъолияти КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»

         Фаъолияти асосии Корхона ин бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи молу мулки ғайриманқул, ҳамзамон бақайдгирии пайдоиш, гузаштан, катъи ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад.

         Корхона дар фаъолияти худ корҳои зеринро амалӣ менамояд:

 - тибқи тартиби муқаррарнамуда таъсиси корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (КДФ);

-  роҳбарии умумӣ ва методологӣ ба КДФ ва назорати фаъолияти онҳо;

 - тасдиқи руйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда, шакл ва қоидаҳои пешбурди ҳуҷҷатҳои Фехристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, дигар ҳуҷҷатҳои истифодабарии бақайдгирандагон;

  -назорати дурустии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии бақайдгирандагон;

  -назорати тартиби таҳияи парвандаҳои заминсозӣ;

  -муқаррар намудани тартиби ҳисоботи КДФ дар назди Корхона;

  -ҳамоҳангсозии фаъолияти КДФ оиди бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла вобаста ба таъсис ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби ҳамкории онҳо ва мубодилаи маълумоти байни онҳо;

  -пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва таъмини ҳимояи он аз иҷозати ғайриқонунии истифодабарӣ, тасарруф ва несту нобуд кардан;

   -пешбурди руйхати бақайдгирандагон;

   -тасдиқ намудани намуна, тартиби додан ва гирифтани мӯҳрҳо, штампҳо, варақаҳои бақайдгирандагон;

   -анҷомдиҳии ҷамъоварӣ, таҳлил, хулосабарорӣ ва дар васоити ахбори омма ҳарсол чоп намудани маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  -расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба КДФ дар самти бақайдгирии давлатӣ;

  -анҷом додани баруйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул тибқи тартиби муқаррарнамудаи Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ;

 - ба қайди давлатӣ гирифтани объектҳои таъиноти махсус;

 - сабти бақайдгирӣ ва қатъи шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул.

         Бо мақсади ҷорӣ намудани «Равзанаи ягона», тибқи Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2015, № 432 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 04 январи соли 2016 амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ гардид.

         Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мақом, яъне КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» муроҷиат намуда, дар баробари иҷро намудани корҳои заминсозӣ, баруйхатгирии техникии биною иншоотҳо бақайдгирии ҳуқуқ ба онҳоро низ дар ҳамин мақом ба иҷро мерасонанд.

Ташкилотҳои минтақавии бақайдгирӣ дар низоми «Равзанаи ягона» фаъолият намуда, таҳияи парвандаҳои заминсозӣ, корҳои баруйхатгирии техникии объектҳои молу мулки ғайриманқул, бақайдгирии ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба объектҳои молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла бақайдгирии шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул, ки қаблан дар салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда буд, ба анҷом мерасонанд.

Шуруъ аз соли 2016 КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бо мутахассисони корхонаҳои бақайдгирӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ мунтаззам курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии барномаи харитасозии ArcGIS мегузаронад.

Бо мақсади ҷорӣ намудани «Равзанаи ягона» ва ташкил намудани Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2013-2017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2010 таҳти №626  тасдиқ карда шудааст, доир ба назорати дурусти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар ҳудуди ҷумҳурӣ, мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва моддаи 89 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори муштарак аз 19.09. 2016, № 07-Ф «Дар бораи таҳия ва татбиқи барномаи компютерии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва табодули мутақобилаи маълумотҳо байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Мувофиқи фармони мазкур, бо мақсади таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаи компютерии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи электронии мубодилаи маълумотҳо байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби мутахассисони ҳар ду мақомот Гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, айни замон корҳо дар ин самт ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади ҷамъоварӣ ва ташкилии махзани маълумотҳои электронӣ нисбати амалиётҳои баанҷомдодашудаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, аз тарафи мутахассисони корхона дар барномаи Access системаи автоматикикунонии бақайдгирӣ (САБ) таҳия карда шуд, ки мавриди истифода қарор дорад.

Инчунин ба мақсади аз ҳомилҳои коғазӣ ба ҳомилҳои рақамӣ гузаронидани маълумотҳои бойгонӣ ва автоматикунонии бойгониҳо, барномаи махсус таҳия карда шуда, нусхабардории маводҳо ва автоматикунонии бойгониҳои корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ ба роҳ монда шудааст.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/