31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

                                                                       БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ
                                                          ШАҲРВАНДОН ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Коррупсия пеш аз ҳама кирдори зиддиҳуқуқӣ мебошад. Яъне қонунгузорӣ онро кирдори ба ҷамъият хавфнок ва зараровар эътироф намуда, барои содир намуданаш ҷавобгариро муқаррар намудааст.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-е, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, фаҳмида мешавад.
Дар умум, зери мафҳуми коррупсия ё кирдори коррупсионӣ амалу рафтори ашхосе фаҳмида мешавад, ки манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлату ҷомеа ва шахсони дигар боло гузошта, бо ин роҳ дар байни мардум тафриқаро ба вуҷуд оварда, нобоварии онҳоро ба давлат ва мақомоту сохторҳои он ба миён меорад.
Аз ин рў, коррупсия ҳамчун кирдори зиддиҳуқуқӣ дар баробари дигар хатарҳои доғи рўз ба монанди тероризм ва ифротгароӣ ба амнияти давлату ҷомеа ва сулҳу субот таъсири манфии бештар дошта, мафкураи мардумро нисбати арконҳои давлатдорӣ коста мегардонад.
Яке аз роҳҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва пешгирӣ аз он, ин тағйир додани фаҳмиш мардум дар ин самт мебошад.
Моро зарур аст то ба мардум фаҳмонем, ки коррупсия натанҳо ба онҳо, балки ба давлат низ таъсири манфии зиёд дорад.
Чун коррупсия кирдори зиддиҳуқуқӣ мебошад, зарур аст, ки фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон дар ин ҷодда беҳтар карда шавад. Яъне маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд карда шавад.
Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин имконият барои амалӣ гардонидани иқдоми болозикр мебошад.
Дар навбати аввал зарур аст, ки шаҳрвандон бояд донанд, кирдорҳои коррупсионӣ чи гуна кирдор мебошанд, аломату хусусият ва таркиби онҳо аз чӣ иборат аст. Кадом ҳуқуқвайронкуниҳо хусусияти коррупсионӣ доранд, кадом ҳуқуқвайронкуниҳо ба коррупсия алоқаманд мебошанд, кадом кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба содиршавии амалҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меоваранд ва кадом ҷиноятҳо дорои хусусиятҳои коррупсионӣ мебошанд.
Инчунин, барои кирдорҳои болозикр чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, бояд шаҳрвандон донанд, зеро огоҳ будан аз натиҷаи амали зиддиҳуқуқӣ, яъне аз ҷавобгарӣ ва ҷазо масъулиятро ҷиҳати содир накарданаш бештар мегардонад.
Бояд қайд намуд, ки дар қонунгузорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ бо тамоми хусусияту аломатҳояш оварда шудааст, инчунин, барои ҳар як амали коррупсионӣ ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст. Вазифаи ҳар яки мо, чун аъзои комилҳуқуқи ин давлату ҷомеа аз риояи қонунгузории соҳа, даст назадан ба амалҳои номатлуби коррупсионӣ, муқовимат ва пешгирӣ аз он, инчунин ба дигарон фаҳмонидани хавф ва оқибатҳои кирдорҳои коррупсионӣ мебошад.
Давлатов Ҷ.Р.
ҳуқуқшиноси Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj