ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ПАРЧАМИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сиву ду сол муқаддам – санаи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ин рамзи муқаддаси давлатиро нахустин шуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому самимият ва эҳсоси баланди садоқат ба Ватан бўсида буданд.
Боиси хушдунист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи Парчами миллиро, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мамлакат муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд.
Ба муносибати таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи видео-онлайн иштирок намуданд.
Ҷамъомадро муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳарчанд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз моҳи ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии кишвар қабул гардида буд, танҳо соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ таҷлил мегардад.
Воқеан, эълон шудани Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, таҷлили он дар қалби ҳар фарди ватандўсти Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ санаи 24 ноябри соли 2023 таъкид дошта буданд, ки: «Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.
Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид».
Зикр гардид, ки қадршиносӣ аз рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори Раёсати илм ва иноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, дотсент Раҷабалӣ Ҷобирзода, ки дар чорабинии тантанавӣ иштирок дошт, вобаста ба таърихи қабули Парчами давлатӣ ва чун рамзи давлатдории навини тоҷикон назди биноҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шудани он, нақш ва аҳамияти Парчами миллӣ дар оини давлатдорӣ суханронӣ намуд.
Дар охири чорабинӣ изҳори итминон гардид, ки кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери парафшонии Парчами давлатӣ боз ҳам муттаҳидтару сарҷамъ гардида, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз ҳарвақт бештару беҳтар саҳм хоҳанд гузошт.