31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми тоҷик яке аз рўзҳои хотирмон маҳсуб ёфта, ҳамасола санаи 16 ноябр бошукуҳ таҷлил мегардад.
Ин сана таҷассуми эҳтиром ва қадрдонӣ аз нақш ва саҳми нотакрори Пешвои муаззами миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад.
Ба муносибати ин санаи фархунда дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Бадалҷон ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Исломзода Нодира иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии боз ҳам бештар аз кору фаъолияти қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин рамзи ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кўшишҳои пайваста тавонистанд, ки Тоҷикистонро пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ раҳнамун созанд. Таҳкими ваҳдат, сулҳу субот ва сохтмони як давлати мустақилу тараққикарда дар маркази фаъолияти Пешвои миллат қарор дорад.
Пас аз моҳи ноябри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки минбаъд бо сиёсати хирадмандона ва таҳамулпазирии Пешвои муаззами миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомўш гардад ва марҳила ба марҳила рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмин шуда, истиқлолияти давлатӣ ба маънои томаш ба манифати мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Сипас, муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исломзода Нодира ва судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Бадалҷон оид ба баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат баъди интихоб шуданашон ба мансаби Роҳбари давлат ва барқарории сулҳу суботи комил суханронӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – лейтенанти калони милитсия Амирхон Fуломов, прапоршикҳои баталиони милитсия Маҳмаднабӣ Саидов ва Абдулҳафиз Паҳлавонзода, ки ҳифзи бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.24567
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj