31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ва амалигардонии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» дар соҳа
Боиси шарафмандию ифтихор аст, ки мардуми шарифу сарбаланди тоҷик имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои амну субот ҷашн мегирад.
Барои ҳар як миллати пешрафтаи соҳибдавлат, доштани рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия хеле муҳим аст ва дар ҷараёни сохту сози давлатдории миллии тоҷикон ин масъала ба таври амиқ баррасӣ гардида, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Қонуни асосии давлати Тоҷикон, паноҳгоҳи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ қабул шуд, ки ин санаи муҳими таърихӣ барои миллати соҳибихтиёри тоҷик мебошад.
Қабули Конститутсияи нав барои миллати сарбаланди тоҷик махсусан дар замони соҳибистиқлолӣ амри муҳим ва саривақтӣ буду кафолати осоиштагиву оромии миллат.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонуни асосӣ шароити зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон танзим мешавад, ки ин барои миллати бузурги тоҷик хеле муҳим аст.
Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини олам ҷойгир аст, ки ин аз маърифати баланд, дониши амиқ ва ҷаҳонбинии васеи миллати тоҷик сарчашма мегирад.
Қобили зикр аст, ки тамоми самти фаъолият ва ҳайёти шаҳрвандон, инчунин муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари азизамон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтааст.
Масалан, моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои ҳуқуқи моликияти истисноии давлатиро барои қонеъ гардонидани манфиатҳои халқ равона намудааст.
Мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Аз муқаррароти мазкур бармеояд, ки давлат мақсад ва моҳияти сиёсати худро барои қонеъ гардонидани манфиатҳои халқи худ ба амал бароварда, ҳадафи асосии сиёсати давлат албата ин қонеъ гардонидани манфиатҳои халқу миллати худ мебошад.
Ин муқаррароти конститутсионӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳам субъектҳои истифодабарандаи неъматҳои табиӣ ва ҳам ҳуқуқ ва ухдадориҳои мақомоти дахлдори давлатиро бо мақсади танзими ҷараёни истифодабарии ин объектҳо муқаррар намудааст.
Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҷараёни истифодабарии ин неъматҳои табииро бо дарназардошти махсусиятҳои худ ба танзим даровардааст.
Боиси зикр аст, ки ба тавсиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» барои бозҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кории кормандон, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии мутахассисони соҳа, ҳамчунин заминистифодабарандагон ва коҳиш ёфтани қонунвайронкуниҳо дар самти муносибатҳо вобаста ба замин шароити мусоид фароҳам меоварад.
Зеро, ҳангоми баланд гардидани маърифату шуурӣ ҳуқуқии ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба замин кору фаъолият менамоянд, аз талаботи қонунгузории амалкунанда бархурдор мешаванд, аз қоидаву тартибҳои истифодабарии замин ва муносибат ба он огоҳ мешаванд, албата аз роҳ додан ба қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт худдорӣ менамоянд, ки ин барои амалигардони талаботи қонунгузории соҳавӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври дахлдор ва бо босифати баланд таъмин намудани фармони мазкур тамоми чораҳои заруриро андешида истода, дар асоси дастуру супоришҳои саривақтии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он бо Протоколи дахлдор аз 20 феврали соли 2024, №1 тартиб дода шудааст, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки корҳои тарѓиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин ҷода вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, пешгирӣ намудани ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, тарѓибу ташвиқи истифодабарии мақсадноку самараноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои корами обӣ, фаҳмонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои заминистифодабарандагон, инчунин талаботи қонунгузории соҳаи заминро мунтазам дар байни аҳолӣ шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Тадбирҳои мазкур аз ҷониби масъулини воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардида истода, натиҷаи иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти Кумитаи давлатӣ қарор дорад.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва субъекти ҳуқуқэҷодкунандаи соҳа соли ҷорӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ 4 адад санади меъёрии ҳуқуқии соҳавии муҳимро аз ҷумла, дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044»-ро омода намуда, барои аз ҷониби мақомоти қонунгузор қабул намудани онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида корбарӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои номбаршуда ва аз ҷониби мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ қабул намудани онҳо, бешубҳа барои амалигардонии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» амалу дастоварди хеле бузурги кишвари азизамон ва кормандони соҳа хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, мо тамоми хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари азизамонро зурур аст, ки бо мақсади бозҳам баланд бардоштани шууру маърифати ҳуқуқии худ, васеъ намудани сатҳи донишҳои касбӣ, дарки ҳуқуқу уҳдадориҳо, манфиатҳои худ ва дигарон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо ва дар маҷмӯъ рушду пешравии кишвари азизамон, амалигардонии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024»-ро ба таври зарурӣ ба роҳ монем.
Мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Кумитаи давлатии идораи замин ва
геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Туйчимуҳаммад Бобишо
123
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj