ТАҶЛИЛИ ПУРШУКУҲИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ
РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба муносибати 30-солагии Рўзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Бахтиёр Аҳмадзода ва узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Қосимӣ, собиқадорони меҳнат, роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони корхонаҳои системаи Кумитаи давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо сухани муқадимавии Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ифтитоҳ гарид.
Зимни сухаронии худ номбурда таъкид дошт, ки қабули нахустини Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 30 сол муқаддам дар вазъияти ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва шароити душвори иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста буд, санаи хотирмону таърихӣ маҳсуб меёбад.
Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо ташаббусу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, яке аз санади сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.
Дар баробари ин, дар моддаи 13 Конститутсия зикр шудааст, ки «замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Ин аст, ки маҳз бо риояи ин меъёри конститутсионӣ бо ташаббусҳои Пешвои милат баъди соҳибистиқлоли гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ 75 ҳазор гектар қитъаи замин ба мардум тақсим гардид, ин қитъаҳои замин дар байни мардум ҳамчун қитъаҳои замини президентӣ маъруфият дорад, ки он дар солҳое, ки кишвар буҳрони иқтисодиро паси сар менамуд, барои беҳсозии шароити зисти сокинони кишвар хеле мусоидат намудааст.
Ҳамчунин бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдид гардидани хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, ки баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ аксари онҳо муфлис шуда, истифодаи самараноки замин таъмин намегардид, барои рушди соҳа, истифодаи босамари замин, баланд гардидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар маҷмўъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуданд.
Таъсиси Кумитаи даватии идораи замин ва геодезӣ низ, ки баъди қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол таъсис ёфта, дар аввалин соли ташкилёбӣ (с.1996) Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ном бурда мешуд, ба ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ вобастагӣ дорад, ки то имрўз Кумитаи давлатӣ дар самти назорати истифодаи самараноку оқилонаи замин фаъолияти назаррас дорад.
Дар ин замина таъкид намудан ба маврид аст, ки маҳз иқдоми Пешвои муаззами миллат буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, деҳқон соҳиби замини худ гардид, истифодаи самарноку оқилонаи онро таъмин намуд, барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ мустақилона ба фаъолият шурўъ намуд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.
Дар охири суханронии худ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ зикр намуд, ки моро зарур аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлати азизамон барои амалишавии ҳадафҳоямон ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Конститутсияи мамлакат талош намоем.
Баъдан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода, Бахтиёр Аҳмадзода ва Файзулло Қосимӣ доир ба нақш ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо қабули Конститутсия мамлакати мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, робитаҳои дипломатӣ вусъат ёфта, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бештару беҳтар мегардад.
Сипас, ба дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорони меҳнати Кумитаи давлатӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба як гуруҳ кормандони дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин, корхонаҳои фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Рўзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳофизони хушсадо бо сурудҳои дилнишин таъби иштирокчиёнро болида намуданд.