31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

АМАЛ ВА КИРДОРҲОИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ, КИ БАРОИ СОДИР ГАРДИДАНИ КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ ШАРОИТ ФАРОҲАМ МЕОВАРАД
Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Бояд гуфт, ки мардум дар симои хизматчиёнии давлатӣ, мақомоти давлатиро мебинанд, ки дар навбати худ мақомоти давлатӣ таҷассумгари давлат аст.
Аз ин рў, обурў ва нуфузи давлат дар назди халқ, аз бисёр ҷиҳат, аз хизмати софдилона ва содиқонаи хизматчиёни давлатӣ дар назди мардум вобастагӣ дорад.
Хизмати софдилона ва содиқонаи хизматчиёни давлатӣ ба мардум, эътимоди халқро ба давлат, Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҷумҳурӣ бештар намуда, сулҳу амният, иттиҳоду ваҳдат ва ягонагиро дар ҷумҳурӣ таҳким мебахшад.
Ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, ки дар навбати аввал ба халқи Тоҷикистон хизмати софдилона ва содиқона намояд, баъдан даст ба кирдорҳое назанд, ки эътимоду боварии мардумро нисбати давлат коста гардонад.
Яке аз кирдорҳое, ки обурў ва нуфузи хизматчии давлатиро дар назди ҷомеа коҳиш медиҳад ин даст задани хизматчии давлатӣ ба амалҳои хусусияти карупсионӣ дошта мебошад.
Бо мақсади пешгирӣ аз коррупсия ва аз байн бурдани сабабу омилҳое, ки барои содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меовард, қонунгузории ҷумҳурӣ, мафҳум ва намудҳои ҳуқуқвайронкуниҳое ки барои содир шудани кирдорҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меоваранд, муқаррар намуда, инчунин, ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин кирдорҳои номатлубро пешбинӣ намудааст.
Аз ҷумла, дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» номгўи ҳуқуқвайронкуниҳое ки барои содир шудани кирдорҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меоваранд, оварда шудааст:
- истифода аз мақоми хизматии худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандон ё шахсони сеюм алоқаманданд;
- монеъ шудан ё дахолати ғайриқонунӣ ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар ҳудуди муайян ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас;
- иштирок ба сифати намояндаи манфиатдори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи корҳои мақомоте, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё дар тобеияти вай қарор дорад, ё ин ки фаъолияти онҳоро назорат мекунад, аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рўи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари дорои хусусияти молумулкӣ бо шахсони мансабдори болои ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳат тобеияти хизматидошта;
- машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, иштирок дар идоракунии фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё ташкилоти дигари тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷорати, ки узвият дар онҳо бе нишон додани манфиати махсуси шахсӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият дар мақомоти идоракунӣ, шўроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаи онҳо, агар дар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
- пешбарӣ ё таъин шудан ба мансаб ба сифати шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» пешбинӣ шудаанд ва ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудияти пешбининамудаи қонуни мазкур доир ба хизмати якҷояи хешовандон, дидаву дониста, ғайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
- пешниҳоди бартариҳои бо Қонун пешбининагардида зимни таъин ё пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;
- риоя накардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба эътибор нагирифтани бартарӣ, имтиёзҳо ва навбати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳангоми ҳалли онҳо;
- ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мансабӣ аз рўи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул кардани қарорҳо ва санадҳои дигари ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба кор қабул намудан, аз кор озод намудани шахс ва амалҳои дигаре, ки ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро халалдор месозанд ва ба онҳо зарар мерасонанд.
Содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои болозикр аз ҷониби хизматчии давлатӣ, агар дар кирдори ў таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд набошад, боис ба татбиқи ҷазои интизомӣ мегардад.
Роҳ надодан ба ҳолатҳои дар боло номбаргардида, замина барои содир гардидани кирдорҳои хусусияти коррупсионидоштаро аз байн бурда, ҷиҳати муқовимат намудан бо коррупсия яке аз қадамҳои устувор мебошад.
Боймуродов Т.Н.
сармутахассиси бахши барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
 
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj