31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲРИРИ НАВ ТАҲИЯ ГАРДИД
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани банди 33 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, банди 11 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2023 оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо қарориҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №54 тасдиқ шудааст, банди 10 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст ва дар маҷмўъ барои такмили Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шароити муосир мувофиқ намудани он, лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омода карда шудааст, ки он аз муқаддима, 2 қисм, 22 боб ва 157 модда иборат мебошад.
Ҳангоми дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, диққати асосӣ пеш аз ҳама ба он масъалаҳое нигаронида шудааст, ки дар татбиқи он мушкилиҳо ҷой доштанд, аз ҷумла, ба танзим даровардани муносибатҳое, ки дар Кодекси амалкунанда танзим нагардида буданд, аз байн бурдани духўрагӣ ва душворфаҳмӣ дар татбиқи меъёрҳо, аз байн бурдани такроршавии меъёрҳо, инчунин, такроршавии ваколатҳо дар самти додани қитъаи замин, мутобиқ гардонидани меъёру стандартҳои ҷойдошта дар самти истифодабарии қитъаи замин ба талаботи замон, инчунин, кодификатсияи меъёрҳо вобаста ба замин, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардида буданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таъсис дода шуда буд, ки ҳайати Гурўҳи кории мазкур бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи нави Кодекси заминро омода намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол амал мекунад, соли 1996 қабул гардида, аз 19 боб ва 105 модда иборат мебошад, ки ба он солҳои 2001, 2004, 2006, 2008, 2011, 2012, 2016, 2021, 2022 ва 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардида, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 январи соли 2008, №357 моддаҳои 31, 48, 58, 59, 60, 67, 68, 69, 70, 100 ва 103-и Кодекси мазкур хориҷ гардидааст.
Дар низоми қонунгузории замин қонунҳое амал мекунанд, ки бевосита масъалаҳои заминро танзим мекунанд, вале дар онҳо такрорёбии танзим, мухолифатҳо ва пурра танзим нагардидани муносибатҳои заминистифодабарӣ ҷой дорад.
Бо дарназардошти ин, ҳангоми дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарҷамъ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар лоиҳаи Кодекси мазкур, васеъ намудани доираи танзими муносибатҳои он, аз эътибор соқит намудани баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба низом даровардани муносибатҳои заминистифодабарӣ ва бартараф намудани такрорёбии танзим ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи қисми дуюми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 4 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355 тасдиқ шудааст барои шиносоӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо мақсади таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар сомонаи расмии Кумитаи давлатӣ (www.zamin.tj) интишор шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд бо матни лоиҳаи Кодеск шинос шаванд.
кодекс
Холзода Т.Б.
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj