31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо иштироки доираи васеъи хабарнигорони ватаниву хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти навбатии матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим иштирок дошт.
Нишасти матбуотиро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ суханронӣ намуд.
Хоҷазода Ориф Ашўрӣ аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан вазифагузориҳояшон, ки санаи 25 майи соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара вобаста ба пешгирии қонуншиканиҳо ва самараноку оқилона истифода бурдани замин баён гардида буд, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати назорати истифодаи ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 5188 ҳолати қонуншиканӣ (ё 70%) саривақт дар маҳал бартараф карда шуда, 656 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти прокуратура ирсол гардид.
Дар самти кадастри давлатии замин низ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайян ба амалӣ гардида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рўи гурўҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024» омода ва бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли ҷорӣ тасдиқ гардид.
Мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ заминҳои партов нисбат ба 1 январи соли 2023 дар майдони 242 гектар, аз он обӣ 197 гектар кам шуда, заминҳое, ки бо сабабҳои муайян аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд 4923 гектар, аз он обӣ 4501 гектар ташкил медиҳанд.
Зимнан, қайд гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ майдони 2070 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ин раванд соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.
Аз тарафи ин корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 75 миллиону 389 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки аз он ҳамагӣ 23,3 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 2235 сомониро ташкил намуд.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби даромади кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ то имрўз биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Айнӣ, Роштқалъа пурра ба анҷом расонида шуда, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Варзоб идома доранд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба қабули шаҳрвандон ва баррасии саривақтии муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳар ҳафта рўзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби роҳбарият шаҳрвандон қабул гардида, барои ҳалли муроҷиати онҳо дар доираи ваколати Кумитаи давлатӣ мусоидат карда мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар дастгоҳи марказӣ 84 нафар, дар кумитањои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ зиёда аз 2600 нафар муроҷиати шифоҳӣ қабули шаҳрвандон қабул шуда, тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ гардиданд ва чунин раванди корбарӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Сипас, намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон ба Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ саволҳо дода, ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.996998995
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj