ДАР НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН БУНЁД ХОҲАД ШУД
Дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд ҳохад шуд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ҳангоми гузоштани санги асос барои бунёди ин бинои нави маъмурӣ, таъкид намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар ҳазорҳо иншооти ҷашнӣ бунёд мешаванд, ки бинои мазкур аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад.
Зимни сўҳбат бо сохтмончиён ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва бо назардошти лоиҳаи тасдиқшуда бунёд намудани бинои нав дастур дода шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар назар дошта шудааст, ки дар бино таҳхона, 10 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бунёд мешавад.
Масоҳати умумии барои бинои мазкур ҷудошуда 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар 150 метри мураббаъи он бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ то ҷашни 35-солагии Истиқоли давлатӣ сохта хоҳад шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ то имрўз биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Айнӣ, Роштқалъа пурра ба анҷом расонида шуда, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Варзоб идома доранд.