Дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Заминсоз”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти раёсати раиси ташкилоти ибтидоӣ – Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ баргузор гардид, ки аъзоён ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ фаъолият доранд, иштирок намуданд. Баъдан тасдиқи рўзном ва интихоби ҳайати котиботи ҷаласа, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” шунида шуд. Зимни суханронӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба як ташкилоти муҳими ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфта, қариб ним-миллион нафар сокинони кишварро муттаҳид намудааст, яке аз созмонҳои ҷамъиятии бузурги мамлакат маҳсуб меёбад. Маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизби мазкур тавонист дар тўли сӣ соли фаъолияти созандаи худ ба нерўи пешбарандаи ҷомеа табдил ёбад. Имрўз ин ҳизби мардумӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамнафасу ҳамрадифи сокинони Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Зикр гардид, ки обруи ҲХДТ сол аз сол бештар гардида, сафи аъзоёнаш низ зиёд мешавад, ки бешубҳа гувоҳи сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ бо ифтихормандиву сарфарозӣ ва руҳбаландӣ аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро тибқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои боз ҳам зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб кўшиш намуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақши аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» дар ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ назаррас буд. Сафи аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аз 53 нафари моҳи июни соли гузашта, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 86 нафар расидааст. Илова бар ин аёдати шахсони барҷомондаву ниёзманд ва имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ки яке аз ҳадафҳои барномавии ҳизбро ташкил медиҳад, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси ташкилоти ибтидоии «Заминсоз»-и Кумитаи давлатӣ қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ ба ин қишри ҷомеа маводи зарурӣ дастрас карда шуд. Сипас, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Холзода Назаралӣ ва Саидзод Муқим ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Тибқи масъалаи дигари рўзномаи ҷаласа аъзои нави Раёсати таш-килоти ибтидоии “Заминсоз” интихоб карда шуд. Ҳамчунин тибқи пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” ва Холзода Назаралӣ Сафаралӣ муовини ў интихоб гардиданд. Дар навбати худ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ барои боварӣ ва аз нав интихоб намудан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” ба аъзоёни ҲХДТ миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ингуна боварӣ ва эътимоди ҳамсафони ҳизб маро рўҳбаланд ва барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти меҳнатӣ раҳнамун месозад. Дар ҷаласаи ташкилоти ибтидоӣ ҳамчунин раиси кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ва мудири шӯъбаи занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири ҷаласаи ҳизбӣ изҳори итминон гардид, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ фаъолият доранд, ҳамеша ба анъанаҳои ниёгон ва дастовардҳои истиқлолияти давлатии кишвар садоқати бештар доранд ва онро дар кору рўзгор ва амали ҳаррўза рушд бахшида, дар пешрафти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» боз ҳам саҳми бештар гузошта, барои бо дастовардҳои наззарас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ саъю талош хоҳанд намуд.