Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
9-уми июли соли равон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашурӣ ва доираи васеи кормандон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Хоҷазода Ориф Ашурӣ фаъолияти кумитаро дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳоро барои шашмоҳаи минбаъда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тавре таъкид гардид Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 6588 дастур дода шудааст
Ҳамчунин дар ин давра нисбати 6634 ҳолати қонунвайронкунӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3992371 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул ва аз он 2936487 (ё 74%) сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба прокуратура ва 378 адад мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардида, 5188 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин(ё 70%), дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар ин замина қайд намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунгузории замин дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Кумитаи давлатӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ 40 риояи қонунгузории заминро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод намуд.
Дар самти кадастри давлатии замин низ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024» омода ва баъди баррасӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 июни соли ҷорӣ тасдиқ гардид.
Мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ заминҳои партов 20061 гектар, аз он обӣ 17413 гектар, ва заминҳое, ки бо сабабҳои муайян аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд 4793 гектар, аз он обӣ 4371 гектарро ташкил медиҳад, ки корбарӣ ҷиҳати ба гардиш даровардани ин намуди заминҳо идома дорад.
Зимнан, қайд намудан ба маврид аст, ки танҳо давоми соли 2023 майдони 2070 гектар, аз он обӣ 3135 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ин раванд соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2024 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 197348 адад расидааст.
Майдони 5087748 гектар ва шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ 796094 нафар ташкил дода, аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 70516 адад дар вилояти Суғд, 73317 адад дар вилояти Хатлон, 16564 адад дар ВМКБ ва 35365 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал вобаста ба истифодаи самараноку мақсадноки замин бо онҳо мунтазам корбарӣ намуда, дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои саҳмдорон корҳои тарғиботиро идома медиҳанд.
Ҷиҳати такмили қонунгузории соҳавӣ айни ҳол таҳияи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав анҷом ёфта, омода намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҷараён дорад ва баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда хоҳад шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти робитаҳои байналмилаллӣ низ як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, 3 маротиба вохӯрии маҷозии Гурӯҳҳои кории Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи давлати иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшбардории Ҷумҳурии Исломии Эрон, 10 нафар мутахассисони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеи он аз санаи 19 то 26 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Дар охир ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Ризоӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, минбаъд низ ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо, иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан вазифагузориҳояшон, дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин баён дошта буданд, корбариро боз ҳам ҷоннок менамояд ва соли 2024-ро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст хоҳад намуд.