ТАШКИЛИ ЯРМАРКА-ФУРӮШИ
МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ХӮРОКВОРӢ
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдому ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ субҳи имрўз барои кормандони дастгоҳи марказӣ дар саҳни бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва хўрокворӣ ташкил гардид.
Дар ярмарка-фурӯши мазкур гӯшт, орд, равған, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, шакар, тухм, асал ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи 25-30 фоиз арзон фурӯхта шудаанд.