МАШВАРАТИ КОРӢ ДОИР БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ
СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни баргузории маҷлиси Ҳукумати мамлакат санаи 16 феврали соли ҷорӣ баён шуда буданд, инчунин доир ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва раисони кумитаҳои идораи замин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (тариқи видео-онлайн) машварати корӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Раиси Кумитаи давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи охирини Ҳукумати мамлакат (16 феврал) баён шуданд, масъулинро муваззаф намуд.
Аз ҷумла, ба муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии пайомадҳои хушксолӣ ва дигар омилҳои манфии таъсиррасон ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда, назорати қатъии саривақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, мусоидат ба иҷрои саривақтии дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин, махсусан, заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани 3-4 ҳосил, вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд.
Баъдан Хоҷазода Ориф Ашўрӣ оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифагузорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқи инсон, таъмин намудани волоияти қонун ва дар умум баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Зимнан, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои тарғиботиро дар ин ҷода вусъат бахшида, доир ба самти фаъолияти худ дар матбуот, аз ҷумла дар сомонаи расмии Кумитаи давлатӣ мақолаҳо нашр намоянд.
Шўъбаи кадрҳо вазифадор шуд, ки дар якҷоягӣ бо бахши таъминоти ҳуқуқӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва дар ҳолати зарурӣ тариқи виде-онлайн бо иштироки раисони кумитаҳои идораи замин ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоту вохўриҳо ташкил намоянд.
Ба Сарраёсати назорати давлатии заминҳо дастур дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо кумитаҳои идораи замин дар маҳал барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳамагуна қонунвайронкуниҳо чораҷўӣ намоянд.
Раёсати кадастри замин, бахши таҳияи ягонаи замин ва кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш гирифтанд, ки барои тарғибу ташвиқи истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои корами обӣ, фаҳмонидани ҳуқуқу манфиатҳои заминистифодабарандагон корбарӣ намуда, дар сурати зарурат дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо заминҳои партову холимондаро барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан тавассути шабакаи интернет эълонҳо нашр намоянд.
Ба роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дастури қатъӣ дода шуд, ки барои фаъол намудани сомонаҳои расмӣ ва саҳифаҳои корхона дар шабакаи иҷтимоии Facebook то 1 марти соли ҷорӣ чораҷўӣ намуда, барои дар онҳо ҷойгир намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурамалҳои соҳавӣ чораҷўӣ намоянд. Ҳамчунин тариқи сомона ва саҳифаҳои расмии худ дар шабакаи интернет корҳои тарғиботиро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин барои таҳия ва нашр намудани маҷмўи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин, инчунин маводҳои тарғиботӣ (буклетҳо, варақаҳо ва ғ.) вобаста ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ корбарӣ намоянд.
Ба маҷаллаи «Сарзамин»-и Кумитаи давлатӣ дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал барои шарҳу тавзеҳи қонунгузории соҳа бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии заминистифодабарандагон тадбирҳо андешад.
Дар охири ҷаласа Раиси Кумитаи давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи Рўзи Модар ва Наврўзи Аҷам масъулинро вазифадор намуд.