31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдору устувор гардид, барои кулли мардуми Тоҷикистон бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба шумор меравад.

Ба муносибати солгарди навбатии Истиқоли давлатӣ дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди бесобиқаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки тайи 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуда, давоми ду даҳсолаи охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуд, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт ва дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфт.

Ҳамчунин дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо гардид, ки дар натиҷа шароити истиқоматии 9 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ беҳтар гардид. Ҳол он дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Натиҷаи чунин таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои ғамхори миллат буд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум ба маротиб беҳтар гардида, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расида, 2,1 баробар афзоиш ёфт.

Бинобар, Раиси Кумитаи давлатӣ махсус таъкид намуд, ки  мо бояд бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи худ ҳамаи камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бартараф созем ва дар ободи кишварамон саҳми муносиб гузошта, барои таҷлили пуршукуҳи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас гузорем.

Сипас, раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Обидзода Фозил Саид ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ доир ба самараҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, расидан ба қадру қиммат амну осоиш ва сулҳу суботи комил баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ пурмаҳсул меҳнат намуда имрӯз давлатӣ пирӣ меронанд, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба гуруҳи калони кормандон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ Ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

Дар охири ҷамъомад изҳор умед гардид, ки кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ барои амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Қисми фарҳангии чорабинии идона бо ҳунарнамоии сарояндагон ва ширинкорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба чорабинии шукуҳу шаҳомати дигар бахшид.

2525555

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj