31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезӣ дар нимсолаи аввали соли 2023

 

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, корҳои муайянро ба сомон расонидааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи санаду меъёрҳои амалкунанда ба роҳ монда шуда, иҷрои босифати корҳо таъмин карда шуданд.

Дар ин давра корҳои назорати истифодаи мақсадноку самараноки замин, заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ идома ёфтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифода-барандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023» барои баррасӣ ирсол намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, №248 тасдиқ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳои назоратӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, давоми нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 7000 дастур дода шуд.

Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2825067 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад 622 мавод ба прокуратура, 278 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 5213 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

Дар ин давра Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд. Дар ноҳияи Панҷ 82 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 13 дастур дода шуд. Нисбати 71 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 54808 сомонӣ   қарорҳои   ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 54808 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд.

Дар маҳал 13 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд. Нисбати 2 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар ноҳияи Панҷ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба Прокуратураи ноҳияи Панҷ мактуб ирсол карда шуд. Барои мутобиқ намудани 1 адад қарори раиси ноҳияи Панҷ, ки хилофи қонунгузории замин қабул гардидаастпешниҳод ирсол карда шуд.

Дар ноҳияи Ёвон 175 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо 4 дастур дода шуд. Нисбати 171 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 146744 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 141780 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд. Дар маҳал 5 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ 2 адад қарорҳои ғайриқонунӣ қабул намудаи раиси ноҳияи Ёвон вобаста ба замини ошкор гардид. Барои беэътибор донистани 1 адад қарор ва ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ намудани 1 адад қарорҳо ба унвони раиси ноҳияи Ёвон пешниҳод ирсол карда шуд.

Кумитаи давлатӣ вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” корҳои муайянро ба сомон расонид.

Ба ҳолати 1 июли соли 2023 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 195709 адад бо шумораи 796 094 нафар саҳмдор дар майдони 5080600 гектар ташкил медиҳад.

Аз ин теъдод 71303 адад бо шумораи 296448 саҳмдор ва майдони 990484 гектар дар вилояти Суғд, 72445 адад ҳоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Хатлон бо 373379 саҳмдор ва 1096912 гектар замин, 16568 адад дар ВМБК бо 23719 нафар саҳмдор ва 2078855 гектар замин ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 35393 адад хоҷагии деҳқонӣ бо 102548 нафар саҳмдор дар майдони 914349 гектар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз Кумитаи давлатӣ 11 нафар хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Одоби муоширати расмӣ», «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Малакаи роҳбарӣ» ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Дар нимсолаи якуми моҳи соли 2023 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар асоси Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, 2 маротиба озмун барои ишғоли 40 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии Кумитаи давлатӣ гузаронида шуда, 13 нафар ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ки аз онҳо 9 нафар кадрҳои ҷавон ва 1 нафар зан мебошанд.

Дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 ҳамчунин корҳои делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бо давлатҳои ҳамсарҳад идома ёфта, 5 вохурии гуруҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия, демаркасияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, 4 вохурии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷи-кистону Ӯзбекистон гузаронида шуданд.

Дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ 3 иҷозатнома дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” ва Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри замин аз ҳисоби маблағҳои буҷет ба маблағи 1 594 700 сомонӣ ба иҷро расонид, ки баробар ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад ва 100%-и нақшаро ташкил дод.

Инчунин, корҳои заминсозӣ ва кадастрӣ тибқи шартнома ба маблағи 1705769 сомонӣ ба иҷро расонида шуданд (131,5%), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (1297047 сомонӣ) маблағи 408722 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” корҳои заминсозӣ ва кадастри давлатии заминро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 1196000 сомонӣ ба иҷро расонид, ки ин 102,2% нақшаро ташкил дода, нисбати соли 2022 (1170 000 сомонӣ) 26000 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастрӣ тибқи шартномаҳо бошад, маблағи 210746 сомониро ташкил медиҳад.

Ба Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”, Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо”, корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» барои иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 7044000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст ва дар муҳлати муқарраршуда аз ҷониби онҳо корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 6773714 сомонӣ иҷро карда шудаст, ки 96,2 %-и иҷрои нақшаро таъмин намуданд.

Дар ин давра, Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” корҳои шартномавиро ба маблағи 63879450 сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 (53113245 сомонӣ) маблағи 10766205 сомонӣ зиёд буда, 120,3%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ ба маблағи 6773714 сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 маблағи 1317614 сомонӣ зиёд буда, фоизи иҷрои он 124,1%-ро ташкил медиҳад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар ин давра корҳои буҷетиро якҷоя бо корҳои шартномавӣ ҳамагӣ ба маблағи 73 млн. 164 ҳазору 435 сомонӣ иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 10 млн. 842 ҳазор сомонӣ зиёд буда, фоизи иҷрои он 117,4%-ро ташкил дод.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj