31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

НИШАСТИ НАВБАТИИ МАТБУОТИИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

222121212112Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Сафарзода Лашкар оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ин давра Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, махсусан вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён дошта буданд, ҷиҳати назорати истифода ва ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Зикр гардид, ки пешбурди корҳои назоратӣ вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноку қитъаҳои замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал ҳамагӣ 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкор-гардидаи қонунвайронкуниҳо 7000 дастур дода шудааст.

Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2825067 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи  73 миллиону 164,4 ҳазор сомонӣ кор-ҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 21,1 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 1852 сомониро ташкил намуд.

Ҳамчунин аз ҳисоби даромади кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бунёди биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Айнӣ пурра ба анҷом расонида шуда, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ховалинг ва Варзоб идома дорад.

Баъдан намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, пешгирии ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии заминҳо, тартиби гирифтани саҳми замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ ба Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj