No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

12Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари хатмкунандагони соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ барои фаъолият дар муассисаву системаҳои Кумитаи давлатӣ ва кумитаи идораи замин дар маҳал бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Кумитаи давлатӣ доир ба дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таълиму тарбияи насли ҷавон махсус таъкид дошт.

Зикр гардид, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бахти баланд насиб гаштааст, ки дар пойтахти кишвар дар яке мактабҳои олии бонуфузи мамлакат сабақ омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода гарданд.

Дар идомаи мулоқот Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳор дошт, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи Институти хоҷагии қишлоқ шӯҳрат дошт, садҳо нафар олимон, сиёсатмадорон ва арбобони давлатиро тарбия намудааст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, собиқ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, собиқ Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва даҳҳо нафар дигарон аз ҷумлаи хатмкардагони ин Донишгоҳ буда, дар рушду нумуъи кишвар саҳми босазо доранд,

5Бинобар ин, донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бояд ифтихорманд бошанд, ки дар донишгоҳе таҳсил менамоянд, ки садҳо олимону арбобони давлатиро тарбия намудааст ва онҳоро низ мебояд дар чунин рӯҳия сабақ омӯхта, дар оянда ба давлату миллати худ бо дасту дили пок хизмат намоянд.

Дар навбати худ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва азхуд намудани нозукиҳои касби заминсозию геодезӣ ҳамеша омода аст.

Дар робита ба ин, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дод, ки фориғ аз машғулиятҳои донишгоҳӣ онҳо метавонанд дар институтҳои системаи Кумитаи давлатӣ татбиқи донишҳои назариявии худро дар амалия омӯзанд, ки дар ин самт мутахассисони соҳибтаҷрибаи Кумитаи давлатӣ онҳоро раҳнамоӣ намуда, ба ин васила метавон анъанаи деринаи мактаби «устоду шогирд»-ро эҳё бахшем.

Зимнан таъкид шуд, ки айни ҳол дар сохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 8 корхонаву муассисаи зертобеъ, аз ҷумла Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”, институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо”, корхонаҳои воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, “Фабрикаи харитасозӣ”, “Аэрогеодезии Душанбе” ва корхонаҳои аэрогеодезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон мавҷуданд, ки самти асосии фаъолияти онҳо аз иҷро корҳои заминсозию кадастрии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул иборат мебошад.

10Изҳори итминони гардид, ки ҳар яки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, махсусан муҳассилини факултаи идораи замин ва геодезия шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат хуб баҳра бурда, бо таҳсили аъло барои соҳибмаърифат ва соҳибкасб шудан азму талош меварзанд.

Дар баробари ин Раиси Кумитаи давлатӣ донишҷӯёнро талқин намуд, ки ҳарчӣ бештар донишҳои муосирро аз худ намоянд, бар-номаҳои компютериро, ки барои фаъолият дар соҳаи заминсозӣ, геодезӣ ва бақайдгирӣ заруранд омӯзанд ва бо таҳизоти навтарин кор карданро ёд гиранд, ки танҳо дар ин сурат метавонанд ҷойи кор ва маоши муносиб дарёфт намоянд.

Ҳамзамон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки донишҷӯён бояд бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳами-да, барои пешгирӣ  аз ҳар гуна ҷинояткориҳо, ҳодисаҳои номатлуб, гаравидан ба равияҳои динии бегона дар байни ҳамсолони хеш, ки мутаассифона бештар  ба назар мерасанд, кӯшиш намоед.

Сипас, якчанд устодону донишҷӯён вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/