No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ

Ҳамасола санаи 8 март ҳамчун Рӯзи Модар бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми босазои занону модарон ба пешрафти ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат дар бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли занону духтарони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оѓози чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ кулли бонувонро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рӯзи модар муборакбод ва ба онҳо тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

Дар идомаи суханронии худ Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2009-ум 8 март ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувони азиз дар ҷомеа мебошад.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳор дошт, ки айни ҳол дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 580 нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки қувваи бузурги созанда маҳсуб меёбанд ва мо бо ҳамкорӣ аз онҳо ифтихор ҳамеша ифтихор дорем.

Изҳори итминон гардид, ки бонувони иззатманди Кумитаи давлатӣ минбаъд низ дар пешрафти кори соҳа саҳми боз ҳам бештаре гузошта, ҳамчунин дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватанпарастиву худогоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Баъдан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони меҳнат Тӯтихон Комилова, Соҳибҷамол Низомова, Ҷамила Ҳакимова ва Хоҷабегим Шаҳбозова, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар Кумитаи давлатӣ кору фаъолият намудаанд, туҳфаҳои идона тақдим намуд. Ҳамчунин чунин туҳфаҳои идона ба кулли иштирокчиёни чорабинии имрӯза тақдим шуданд.

Сипас, сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва ширинкорони гурӯҳи «Шакарханд» бо сурудҳои дилангез ва намоишҳои ҳаҷвӣ табъи иштирокчиёни чорабинро болида намуданд.

334692691 132588706176886 694005522783961177 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/