No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ

Ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, корҳои назорати истифодаи мақсадноку самараноки қитъаи замин, заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва натиҷаи нишондиҳандаҳои фаъолият дар соли 2022 аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара се масъала – дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти он дар маҳалҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Кумитаи давлатӣ ва дар бораи ҳисобт оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гуруҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 баррасӣ шуданд.

Нахуст вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Зикриё Абдуллозода шунида шуд.

Зимни баррасии масъала Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Кумитаи давлатӣ ва дар бораи ҳисобт оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гуруҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни таҳлили вазъи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Раиси Кумитаи давлатӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҷӯӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳолатҳои коррупсионӣ дар кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, назорати истифодаи камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳамаи биноҳои маъмурӣ ва назорати қатъии кормандон масъулинро вазифадор намуд.

Муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар зимни суханронӣ барои ҷоннок намудани фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа тавсияҳо дод.

Дар охири ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ҷамъбаст Раиси Кумитаи давлатӣ зикр намуд, маҷлиси ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ дар рӯзҳое баргузор гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз қабл Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда, тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, соли 2022-ро барои мардуми кишвар соли бобарор гуфтанд.

Таъкид шуд, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва некуаҳволии халқ мебошад.

Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо моро зарур аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, фаъолияти меҳнатиро боз ҳам беҳтар намуда, барои пешрафти соҳа саҳми арзанда гузорем.

2

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/