No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки сардорони раёсат, шӯъбаву бахшҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, КВД «Бақайдгирии молу мулки ғариманқул» раисону кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода Садриддин мулоқоти навбатии намояндагонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нигора Муқимӣ ва кормандони Раёсати мазкур Файзуллозода Баҳрулло иштирок намуданд.

Нахуст дар мулоқот муовини Раиси Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузориш дод.

Баъдан, сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нигора Муқимӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки барои мубориза бо падидаи номатлуби коррупсия дастҷамъона фаъолият бояд намуд.

Аз ин рӯ зарур аст, ки фаъолият ҳар корманди мақомоти давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, тибқи дастурамали мансабӣ иҷро намудани уҳдадориҳои мансабии онҳо ба роҳ монда шавад.

Инчунин, Нигора Муқимӣ аз ошкор шудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, дар мақомоти маҳаллии идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки барои пешгирӣ намудани содиршавии чунин ҷиноятҳо бояд чораҳои қатъӣ амалӣ карда шаванд.

319331381 5653206028107811 4195798985425323573 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/