31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН

Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатиии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар толори калони бинои маъмурии Кумитаи давлатӣ чорабинии идона бахшида ба таҷлили 31-солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатӣ кулли кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳоро бо таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои сулҳу суботи комил дар партави сиёсати хирмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад, муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саломативу хонаободӣ, хонаи ободу рӯзгори шод, комёбиву муваффақиятҳо орзу намуд.

Зикр гардид, ки Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат пойдору устувор гардид, барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки давоми соҳибистиқлолии мамлакат шароити кормандони кумитаҳои идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар маҳал, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст куллан дигаргун гардида, танҳо дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳҳо биноҳои маъмурии нав бунёд гардиданд, ки дар амалӣ намудани чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми ҳамаи кормандон назаррас аст.

Ҳоло бошад, барои таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи кораҳои тартиб дода ба нақша гирифта шудааст, ки боз даҳҳо бинои нави маъмуриро махсусан дар ноҳияҳои кӯҳистон дар якҷоягӣ бунёд намоем.

Изҳори умед гардид, ки ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нерӯи тоза бахшида, баҳри боз ҳам тақвият додани ваҳдати миллӣ ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мусоидат менамояд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорони меҳнати Кумитаи давлатӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба кормандони фаъол Ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тақдим гардид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи пешниҳоди комиссия дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 100 нафар корманди дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замиин дар маҳал ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатӣ сарфароз гардиданд.

304924283 974244473971920 5828240430554649409 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/