No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ВАЗЪИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

298733944 952463439483357 7632473925167093829 nМуовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ҳамроҳи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо рафти корҳои саҳроӣ, парвариши картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикистон, Рашт ва Нуробод аз наздик шинос гардида, бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.

Зимни боздид аз ноҳияҳои зикршуда, иттилоъ дода шуд, ки сокинони минтақаи Рашт асосан бо картошкапарварӣ машғул буда, соли ҷорӣ низ кишоварзон навъҳои серҳосили картошкаро парвариш намуда истодаанд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми боздид аз майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияро барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин, иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18 июни соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баён намуда буданд, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, махсусан захираи хӯроки чорво ва таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ корбариро боз ҳам ҷоннок намоянд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/