No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои дар ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин дар ҷаласа сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ва сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи III Ҳакимов Меҳроҷиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст оид ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ, мақомоти он дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Зикриё Абдуллозода ҳисобот дод.

Номбурда аз ҷумла зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти он дар маҳал ва муассисаву системаҳои Кумитаи давлатӣ корҳои муайянро ба сомон расонида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва амалӣ намудани қарорҳои ҳайати мушовара якчанд корҳоро ба сомон расонида, ҷашнҳои миллии Наврӯзи Аҷам ва 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намуданд.

Дар оғози соли ҷорӣ ҳисоботи солонаи замин дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022» аз 1 марти соли 2022, №80 тасдиқ гардид ва корбарӣ мувофиқи қарори мазкур ба роҳ монда шуд. 

Зикр гардид, ки назорати давлатии истифодаи мақсадноку самараноку қитъаҳои замин яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ маҳсуб ёфта, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ин аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 193950 ададро ташкил дода, аз ин шумора 71028 адад дар вилояти Суғд, 71325 адад дар вилояти Хатлон, 16495 адад дар ВМБК ва 35102 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои дехқоние, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ташкил гардидаанд ҳамагӣ 2689 ададро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, 894 адад дар вилояти Суғд, 1094 адад дар вилояти Хатлон, 119 адад дар ВМБК ва 582 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ низ дар ин давра як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар вохӯрии маҷозии Гӯруҳҳои кории Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ва дигар ҷаласаву машваратҳои кории сатҳи байналхалқӣ иштирок намуд.

Муҳимтарин рӯйдоди дар самти робитаҳои байналмил-лалӣ ба вуқӯъомада санаи 29 майи соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо шудани Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки айни ҳол ҷиҳати амалӣ наму-дани он корбарӣ идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ 3 вохӯрӣ бо намояндагони ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркат-сияи Сарҳади давлатӣ, 4 вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 7 вохӯрии гурӯҳҳои кории саҳрои демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ки дар он роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатӣ иштирок намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Кумитаи давлатӣ 160 адад муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ворид гарди-дааст, ки аз он 4 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 адад муроҷиат аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад муроҷиат аз Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 140 адад муроҷиат бевосита аз ҷониби шаҳрвандон мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра, ба Кумитаи давлатӣ 20 адад муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ ворид гардида ба қайд гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон бошад аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар ин давра 98 адад нафар шаҳрвандон қабул гардида, то имрӯз 87 ба муроҷиат ҷавобҳо ирсол гардида, 11 муроҷиати боқимонда дар бар-расии масъулин қарор дорад.

Давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 60 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқа-кунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид.

Аз он 30 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 30 адад парвандаи заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуданд.

Зимнан, 24 парвандаи заминсозӣ, ки қаблан ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод шуда буд, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ба тасвиби қарор пешниҳод гардиданд.

Дар маҷмӯъ, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 36 адад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин ба тасвиб расиданд.

Дар ин давра ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз ҳисоби даромади корхонаву муассисаҳо ва суратҳисоби махсус айни ҳол сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Кӯлоб, Хуросон, Варзоб ва Роштқалъа идома дорад, ки биноҳои маъмурӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Хуҷанд моҳҳои оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар ин замина қайд намудан ба маврид аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳои дахлдори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иборат аз 31 банд таҳия ва тасдиқ гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки давоми панҷ соли оянда бунёди якчанд бинои нави маъмурӣ асосан дар ноҳияҳои дурдаст дар назар дошта шуда, аз он давоми соли ҷорӣ 10 банд, соли 2023-ум 6 банд, соли 2024-ум 5 банд, соли 2025-ум 4 банд ва соли 2026-ум 6 банд ва то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷмӯъ 31 банд иҷро хоҳад шуд.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди 24 би-нои нави маъмурӣ асосан дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон ба нақша гирифта шудааст, ки он барои беҳтар намудани шароити корӣ имконияти мусоид фароҳам хоҳад овард.

Сипас, ҳисоботи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ шунида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат гирифтанд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи III Ҳакимов Меҳроҷиддин оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории замин, тибқи ваколат иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, назорати қатъии истифодаи самаранок ва мақсадноки қитъаҳои замин бо раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони муассисаву корхонаҳои Кумитаи давлатӣ мулоқот намуд.

Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли ҷорӣ баён дошта буданд, масъулинро вазифадор намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дастуру супоришҳо дод.

291785215 923268755736159 4330969557168372822 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/