No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАШНАИ ОБИ БАДАХШОНАМ ҲАНӮЗ…

Сарзамини камзамин, макони оромиши қалбу руҳ, мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол – Бадахшон, ки зери куҳҳои осмонбӯсаш ганҷҳои бебаҳои кишвар маҳфузанд, садҳо номбардорони миллати тоҷикро дар ҳавои мусаффову накҳати гиёҳҳои кӯҳӣ тарбия намудааст, чандест ба ғубори чанги адӯ гирифтор, қалбаш ноором ва мардумонаш беқарор мондаанд.

То ҳол душмани ғаддору хоинони миллат болои куҳу дара бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусаллаҳ, амнияти мардумро ба хатар гузошта, аз назари мақомоти дахлдор пинҳон ва вазъи оромшударо муташанниҷ карданӣ мешуданд.

Хушбахтона, тавре ки имрӯз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноӣ безарар гардонида шуданд.

Бешак, бо шунидани ин хабар бархе хоҷагони хориҷии хоинони миллат ва баъзе воситаҳои ахбори оммаи иғвоангез, ки таблиғари ҳадафҳои нопоки гуруҳакҳои ҷиноятпеша ҳастанд, ашки сӯзон рехта ба дарёи ғам ғарқ шуданд, ки минбаъд чӣ гуна аз хоҷагони хориҷӣ бо чӣ баҳонае мисли сагон думҷубонӣ намуда аккос хоҳанд зад ва устухоне барои худ талаб хоҳанд намуд.

Ҳарчанд, имрӯз аксари мардум аз нобудшавии аъзои гуруҳи ҷиноӣ ва марҳила ба марҳила ором шудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шод ҳастанд ва бидуни шубҳа кулли мардуми Тоҷикистон ба ҳар хонадон амну амонӣ, осоишу сулҳро таманно доранд, бо вуҷуди ин баъзе роҳгумкардагон боз ҳам қасди хиёнат ба давлату зодгоҳи худро доштаанд.

Онҳоеро, ки силоҳ ба даст гирифтанд ва хостанд хуни бародари худро рехта ва хонаеро, ки худ зиндагӣ кардаанд вайрон намуда бошанд ва он дар филми «Шикасти фитна» ба таври мухтасар баён гашта буданд, ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд.

Дур нест он рӯз, ки мардуми соҳибтамаддуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавои суруди хунёгари мумтоз Мадина Ақназароваю Чоршанбе Аловатов рақсу бозӣ намуда, бо камоли майл суруди бо лафзи помирӣ сароидаи Нигина Амонқуловаро мешунаванд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил бо ифтихори баланди ватандӯстӣ умр ба сар хоҳанд бурд.

Аммо ҳоло бошад бо сабру таҳаммул бояд буд, нагузошт, ки пои адӯе, нохалафе, худкардае сарзамини поки Бадахшонро бо қадами нопок олуда гардонад.

Набояд гузошт, ки Помири пур аз меҳру муҳаббати мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро кадом хоини миллат зери по намояд, ҳукмашро раво ва худашро шоҳу табъашро вазир донад.

Он чанд касаку хасаке, ки чанде инҷониб ҳаёҳуи беҳуда доштанду ба қавле бо думи шер бозӣ мекарданд, оқибат худ нобуд шуданд, ҳеҷ гоҳ дар ғами мардуми Бадахшон набуданд, балки монанди тоҷиранд, ки бар ивази қутти лоямуте ҷони ҳамдиёри худро ба савдо гузошта, тақдири инсонҳоро ба бозӣ кашида буданд.

Инак, фасли сайру сайёҳат ва вақти истироҳати аксарият расидааст. Вале бинобар ноамние, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омада буд, муддатест на тоҷику тоҷикистонӣ ва на як хориҷӣ ба ин минтақаи биҳиштосоӣ кишвар, ки бо ифтихор Боми Ҷаҳон мегӯем, азми сафар накарданд.

Сайёҳу тоҷир ва меҳмону мизбони Тоҷикистон ҳама ба қавли шоири зодаи Бадахшон Ҳайрат Шанбезода ташнаи оби Бадахшон буда, кулли мардуми тоҷик бошад дар маҷмӯъ ташнаи оромиши Бадахшон хастанд.

285511396 895032708559764 664243201085513389 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/