No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРИКИШТИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

278573727 869760547753647 7314659349124568335 nАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, ба аъзои Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус, кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, ба таври кофӣ захира кардани маводи хӯрокворӣ ва меваю сабзавот ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои мушаххас андешанд.

Ин аст, ки мулоқоти навбатии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ – Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид, ки дар он ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот нахуст раиси Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ Олим Каримов оид ба вазъи иҷимотию иқтисодии Ҷамоат суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар Ҷамоат зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар бурда, дар он 124 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд мебошад, ки ба ин хоҷагиҳои кишоварзӣ 549 гектар, аз он 289 гектар замини корами обӣ, 31 гектар лалмӣ, 201 гектар чарогоҳ вобаста гардидааст.

Дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ картошка, гандум, ҷуворимакка, пиёз, пахта ва дигар зироати кишоварзӣ кишт шудаанд.

Дар ҳудуди Ҷамоат 6 муасисисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият намуда, дар ин муассисаҳои таълимӣ 156 нафар омӯзгор ба таълиму тартибияи 1892 нафар хонанда машѓуланд.

Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати мазкур бунёди 12 иншооти нави таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Сипас, Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба истифодаи мақсданоку самараноки қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, таваҷҷуҳ махсу зоҳир намудан ба кишти такрорӣ, махсусан шолӣ, лубиё, риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” махсусан дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон, захира намудани ѓизо барои 2-3 сол, аз ҷумла шолӣ, гандум, мош, лубиё ва ѓайр, амалӣ намудани тадбирҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ махсусан гилембофӣ, атласу адрасбофӣ, ҷуробофӣ, рӯймолдӯзӣ, тӯппидӯзӣ ва дигар масъалаҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ мулоқот намуд.

Дар охири ҷамъомад изҳори боварӣ гардид, ки фаъолону сокинони Ҷамоат ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат якдилона меҳнат намуда, барои таҷлили пуршукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳоло омодагӣ мебинанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз як гуруҳ сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Рӯдакӣ аёдат карда шуданд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/