БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАБУОТӢ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

http://www.zoofirma.ru/

Дар маҷлисгоҳи бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ баргузор шуд, Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Сабурзода Мирзодавлат иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2020 ҳисобот дода қайд намуд, ки дар ин давра Кумитаи давлатӣ ва сохторҳои он пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати  назорати истифодаи ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Зикр шуд, ки соли 2020 самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин, ки санаи 16 апрел дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиати Пешвои миллат ба мардуми кишвар санаи 17 апрели соли 2020 баён шуда буданд, таҳти назорати доимӣ қарор дошт, соли гузашта ҳамагӣ 11798 ҳолати вайрокунии қонунгузории замин ошкор ва 9042 ҳолати қонуншиканӣ дар маҳал бартараф карда шуданд.

Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зикр намуд, ки соли 2020 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар маҷмӯъ 1854 маротиба дар маҳаллҳо ҷараёни риояи қонунгузории заминро мавриди санҷиш қарор доданд, ки чунин ҳамкориҳо ба нисбатан кам шудани қонуншиканиҳо ва саривақт бартараф намудани он дар самти истифодаи замин мусоидат намуданд.

Ҳамунин таъкид шуд, ки мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2020 заминҳои партов  22055 гектар, аз он обӣ 18658 гектар, заминҳои корами обие, ки дар маҳал аз ҳисоби набудани об ҳамчун корами лалмӣ истифодабарӣ мегардид 22727 гектар ва заминҳое, ки бо сабабҳои муайян аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд 6644 гектарро ташкил медод, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас соли 2020 заминҳои партов ҳамагӣ 1070 гектар, аз ҷумла ба замини корам 950 гектар ва 120 гектар боғ барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.

Инчунин аз ҳисоби заминҳои обӣ ҳамчун лалмӣ истифодашаванда 2204 гектар шабакаҳои обёрӣ барқарор ва ҳамчун замини корами обӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд ва 1650 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, А.Ҷомӣ бунёд гардида, бинои маъмурӣ дар ноҳияи Ишкошим навсозӣ гардид ва айни ҳол бунёди биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Хуҷанд ва Айнӣ идома доранд.

Сипас, кормандони воситаҳои ахбори омма ба Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ саволҳо доданд, ки ба онҳо аз ҷониби Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ посух дода шуданд.

146921441 493564118706627 1403986957679141758 o