ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

http://www.zoofirma.ru/

127222243 439966854066354 5078486769171823722 o

Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабонов Шоҳкарим ширкат намуданд.

Ҷамъомадро Раиси Кумитаи давлатӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвими сиёсии давлати соҳибистиқли Тоҷикистон боз як санаи дигар илова шуда, 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.

Таъкид гардид, ки эълон шудани 24 ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеи фараҳбахш буда, таҷлили он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Парчами давлатӣ дар баробари баёнгари озодӣ ва соҳибистиқлол будан, дар худ армон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Абдулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ривоят мекунад, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро, ки ранги сурх дошт, дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд.

Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи «Дирафши ковиён» машҳур аст, ҷамъ омаданд ва аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.

Дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров баргузор гардида буд, аз аввалин масъалае, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, ин қабули Парчами Тоҷикистон буд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин Иҷлосияи тақдирсоз чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуда буданд.

Айни ҳол бошад Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории навини тоҷикон назди биноҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, назди ташкилотҳои байналхалқии кишвари мо аъзои он буда, барафрохта мешавад, ҳангоми ѓолибияти варзишгаронамон дар мусобиқаҳои варзишӣ баланд парафшонӣ мекунад.

Сипас, муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо ҳамаи хизматчиёни давлатии Кумитаи давлатиро аз номи роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ муборакбод намуда, оид ба таърихи парчам дар аҳди ориёниҳо баромад намуд.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабонов Шоҳкарим роҷеъ ба муқддас доштани Парчами миллӣ ва мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи давлатӣ Суҳайлӣ доир ба тартиби истифодаи Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Дар охири ҷамъомад Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ барои иштирок ва суханронӣ ба меҳмонон изҳори сипос намуда, кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва корхонаҳои зертобеъро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуд.