ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
- Сешанбе, Ноябр, 10 2020
- Written by Administrator
- Hits: 721
Ҳамасола санаи 10 ноябр ҳамчун Рӯзи кормандони милитсия таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори хурди бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба саҳми кормандони мақомоти милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу ороми ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ суханронӣ намуда, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба муҳофизати бинои маъмурии Кумитаи давлатӣ масъуланд, бо Рӯзи кормандони милитсия табрик намуд.
Зикр гардид, ки маҳз туфайли кордонӣ, зиракӣ ва ҳушёрии кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳамарӯза тартиботи ҷамъиятӣ дар бинои маъмурӣ таъмин буда, ҳар як корманди Кумитаи давлатӣ ва шаҳрвандон аз муомилаи хушу рафтори неки онҳо қаноатманд ҳастанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба афсари Хадамоти давлатии «Муҳофиза» – лейтенанти милитсия Амирхон Fуломов, сержанти калони милитсия Маҳмаднабӣ Саидов, сержанти хурди милитсия Анвар Ашӯров, старшинаи милитсия Абдулҳафиз Паҳлавонзода тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим ва барои фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно намуд.