МУАРРИФИИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ

http://www.zoofirma.ru/

123683167 421383695924670 8959867792572977337 oБо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз нав Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ба ин муносибат дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Муовини Сарвазири кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин намудани Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба самъи ҳозирин расонида, ба номбурда барору комёбиҳо орзу намуд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни суханронии худ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ 31 марти соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст.Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро ва соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро аз рӯйи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Солҳои 1993-2015 дар вазифаҳои ёрдамчии Раиси шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якуми Кумитаи захира ва танзими замини шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якум ва сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спитамен, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қайроқум, муовини аввали раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд кор кардааст.

Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2016-2019 муовини Раиси вилояти Суғд буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2019 ва баъди баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҳайати нави Ҳукумати кишвар аз 3 ноябри соли 2020 бори дигар Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.