БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ ТАРИҚИ ВИДЕО-КОНФРОНС

http://www.zoofirma.ru/

121162632 399575924772114 3295977520534273753 oБори аввал дар таърихи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва муайян намудани вазифаҳои барои бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намудани соли 2020 тариқи видео-конфронс (онлайн) баргузор гардид.

Нахуст вобаста ба фаъолият дар ин давра муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода Садриддин Хол ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ 9386 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 9242 дастур дода шуд.

Инчунин нисбати 8518 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 4 124 822 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ гардиданд ва 6883 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, дар маҳал бартараф карда шудааст.

Сипас, ҳисоботи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, директорони корхонаҳои зертобеъ оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пурзур намудани назорати истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва тибқи таъиноти муайяншуда истифода бурдани заминҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки тибқи супориши Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда аз санаи 5 то 8 октябри соли ҷорӣ ҳайати мушовараи кумитаи идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ тариқи видео-конфронс (онлайн) баргузор гардида шуда, дар он муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ бевосита аз бинои маъмурии Кумитаи давлатӣ тариқи онлайн ширкат намуда буданд

Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳайати мушовари Кумитаи давлатӣ бошад, ҳамаи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, директорони корхонаҳои зертобеъ ва кормандони онҳо зиёда аз 500 нафар ширкат намуданд.

Ҳадаф аз амалӣ намудани иқдоми мазкур сарфаи вақти кормандон, маблағи сафархарҷӣ, инчунин пешгирии эҳтимолии паҳншавии бемориии сироятии коронавирус, татбиқи яке аз бандҳои барномаи ҳукумати электронӣ ва бо тарзи муосир баргузор намудани ҷамъомадҳо маҳсуб меёбад.

Ёдрас мешавем, ки санаи 1 октябри соли ҷорӣ низ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва як гуруҳ мутахассисони соҳибтаҷрибаи Кумитаи давлатӣ иборат аз муовинони Раис, роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва мудирони шӯъбаву бахшҳо дар иҷлосияи 42-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки бо иштироки намояндагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки аъзои Шӯро ҳастанд тариқи онлайн баргузор гардид, иштирок намуда буданд.