ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪАИ ВМКБ

http://www.zoofirma.ru/

ROSHTKALAБо ташаббуси бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол аз сол вусъати тоза гирифта, ин минтақаи кишвар воқеан ба «дарвозаи тиллоӣ»-и ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд мешавад.

Ин нуктаҳо аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни гузоштани санги асос барои бунёди бинои нави маъмурӣ дар ноҳияи Роштқалъа таъкид гардид.

Таъкид шуд, ки бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар масоҳати 10х15 метр бунёд гашта, он аз дуошёна ва нуҳ утоқи корӣ иборат хоҳад буд.

Тибқи лоиҳаи сохтмони бино дар ошёнаи якум қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона ба роҳ монда шуда, маблағи лоиҳавии сохтмон 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатӣ ва Раиси ВМКБ баъди гузоштани санги асос бо лоиҳаи сохтмон аз наздик шинос шуда, бо кормандон вобаста ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва назорати истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин суҳбат намуда, барои бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ дастур доданд.

Дар идомаи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамчунин аз минтақаи дурдастарини кишвар – ноҳияи Мурғоб низ боздид намуда, бо фаъолияти кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин ноҳия шинос гардид ва ба онҳо мизу курсиҳои корӣ ва компютеру принтер тақдим намуд.