БИНОИ МАЪМУРӢ ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ БАЪДИ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД

http://www.zoofirma.ru/

изображение viber 2020-08-24 12-00-173435345Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди таъмиру навсозии пурра бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷкистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии анҷомдодашуда Раиси Кумитаи давлатӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дар як муддати кутоҳ таъмиру навсозӣ гардидани ин бинои маъмурӣ ба ободу зебо шудани як гӯшаи дигари маркази ноҳияи Ишкошим мусоидат намуд.

Зикр гардид, ки бино бо ташаббуси роҳбарият ва аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавасозӣ гардида, дар иҷрои корҳои таъмири сохмтончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бинои мазкур солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, то ин вақт таъмири куллӣ нашуда буд.

Бо таъмиру навсозӣ гардидани бинои мазкур ба 12 нафар кормандони кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин минтақаи дурдасти кишвар шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноутбуку компютерҳои замонавӣ тақдим карда шуд.

Зимни суҳбат Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро барои иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва пешгирии ҳамагуна қонунвайронуниҳо вазифадор намуд.