No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯҲОИ ХУРОСОН ВА ҶОМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

viber 2020-08-15 08-20-48Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ – раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Вахши вилояти Хатлон аз ноҳияҳои Хурсон ва А.Ҷомӣ бозидид ва бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (заминҳои Президентӣ), шиносоӣ пайдо намуда, бо деҳқонон ва сокинони касбу кори гуногун бевосита дар маҳали истиқоматии онҳо мулоқот намуд.

Дар ҷараёни сафарҳои корӣ ҳамчунин бо аъзоёни Ситод, ки дар сатҳи ноҳия фаъолият доранд, суҳбат гузаронида шуда, оид ба амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои вусъати кишти такрорӣ, назорати қатъии истифодаи заминҳо, саривақт анҷом додан ва то 60 фоиз расонидани кишти такрорӣ ва то 40 фоиз кишт намудани картошка, ченаки воқеии кишти зироатҳои кишоварзӣ, пурра ба ҳисоботи оморӣ ворид намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи соҳаи кишоварзӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин, инчунин беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ноҳияи Хуросон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ маълум шуд, ки бо вуҷуди истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин дар баъзе минтақаҳо зироатҳои кишоварзӣ ба нигоҳубини бештар эҳтиёҷ доранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни боздид оид ба мавҷуд будани заминҳои бекорхобида эрод гирифта шуда, барои самаранок истифода намудани онҳо, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва назорати истифодаи босамари заминҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ноҳияи А.Ҷомӣ бошад зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии «Бобои Ҳабиб», «Нур» ва «Қаноат» ва ҳангоми суҳбат бо деҳқонону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба истифодаи дурусту мақсадноки қитъаҳои замин, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтани  се-чор ҳосил, бештар намудани майдони кишти картошка ва лубиёгиҳо, риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои санитарӣ, нигоҳ доштани масофа на кам аз 1,5 метр ҳангоми муошират бо одамон махсус таъкид карда шуд.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатӣ дар ноҳияҳои мазкур бо ҷараёни корҳои сохтмонии биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул» шинос гардид.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/