МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БО ҶАНОБИ ВИРАДЖ СИНГХ

http://www.zoofirma.ru/

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Сингх мулоқот намуд.

Дар мулоқот асосан масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва истифодаи технологияи кайҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки роҳбарияти Кумитаи давлатӣ омодаи ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷониби Ҳиндустон аст.

Қайд гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи байниҳукуматӣ ҷиҳати ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва истифодаи технологияи кайҳонӣ барои ҳамкориҳо дар ин самт заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Инчунин дар ҳузури сарони ду кишвар соли 2018 ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Ҳиндустон оид барои рушд низ барои пешрафти соҳа мусоидат намуданд.

Ин аст, ки солҳои 2017-2018-ум 60 нафар мутахассисони Кумитаи давлатӣ  ҷиҳати азхудкунии барномаҳои омӯзишӣ оид ба технологияҳои кайҳонӣ, ки аз ҷониби Ташкилоти тадқиқотии кайҳонии Ҳиндустон дар ин кишвар таҳсил намуда буданд.

Дар навбати худ ҷаноби Вирадж Сингх вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки ҷониби Ҳиндустон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро минбаъд низ тақвият бахшида, мутахассисони соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ барои таҳсилу таҷрибаомӯзии ба давлати Ҳиндустон сафарбар карда шаванд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки музокироти баргузоршуда, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкории минбаъда дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва истифодаи технологияи кайҳонии ду кишвари дӯст  мусоидат хоҳад намуд. 

IMG 5726