No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

изображение viber 2020-06-15 07-55-08Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо роҳбарияти кумитаи идораи замини вилоят, раисон ва директорони корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон санаи 30 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён шуда буданд, ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед оид ба фаъолият дар панҷ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки кумитаҳои идораи замин дар маҳал дар ин давра ҷиҳати пешгирии холимонии замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, пешгирии холимонии заминҳои кишоварзӣ, назорати истифодаи оқилонаю самараноку қитъаҳои замин корбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳисобот Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба суст будани ҷараёни назорати истифодаи қитъаҳои замин, мавҷуд будани хавфи холимонии зиёда аз 1990 га замин, саривақт бартараф нашудани қонунвайронкуниҳо эрод гирифта дастур дод, ки камбудиҳои мавҷуда то ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ бартараф карда шаванд.

изображение viber 2020-06-15 07-55-27Ҳамчунин дар идомаи кори ҷаласа Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Масчоҳ, Б.Fафуров, Хуҷанд, Бустон, Истаравшан пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта онҳоро вазифадор намуд.

Дар охири ҷаласа ба масъулин вазифадор шуданд, ки ченаки назоратии кишти зироатҳои кишоварзиро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба назорати истифодаи самараноку мақсадноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту идораҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, истифодаи самараноку оқилонаи қитъаҳои заминро таъмин намоянд.

Дар баробари ин дастур дода шуд, ки ҳангоми гузаронидани ченаки назоратии кишти зироатҳои майдони воқеии кишти картошка, пахта ва шолиро дақиқ муайян намуда, дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои кишоварзӣ ва мақомоти омор дар маҳал маълумоти воқеиро баро ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намуданд мусоидат намоянд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/