Мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои идораи замин дар вилояти Хатлон

http://www.zoofirma.ru/

1 1Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон санаи 30 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён шудаанд, инчунин баррасии масъалаҳои ҷории ба фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Вахши вилояти Хатлон дахлдошта, бо раис, муовин ва директорони корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки асосан ба самти истифодаи оқилонаю самараноки замин дахл доштанд, масъулин вазифадор гардиданд.

Супориш дода шуд, ки назорати қатъии истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ, заминҳои хоҷагии ёрирасонии ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмин карда шуда, дар сурати самараноку мақсаднок истифода нашудани заминҳо нисбати шахсони масъул чораҳои қонунӣ татбиқ карда шавад.

Дар баробари ин, раисони кумитаи идораи замин дар якҷоягӣ бо кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар маҳал вазифадор шуданд, ки мунтазам ченаки назоратии зироатҳои кишоварзиро гузаронида, ҳамчунин ба сифати кишт таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар мавридҳои зарурӣ барои дуруст ташкил намудани корҳои агротехникӣ, тоза намудани майдони зироатҳо аз алафҳои бегона, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, тоза кардани заҳбуру ҷуйборҳо бо ҷалби мутахассисон маслиҳатҳо диҳанд.

Дар охири ҷаласа изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи кормандони кумитаи идораи замин дар маҳал, ки дар як вақт роҳбарони кумитаҳо дар шаҳру ноҳияҳои аъзоёни Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбанд, бо дасту дилу нияти пок вазифаҳои ба зиммашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саҳми муносиб мегузоранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўрӣ дар як вақт раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Вахши вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, то имрўз шахсан аз ноҳияҳои Панҷ, А.Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Н.Хусрав ва Шаҳритузи вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (заминҳои Президентӣ), майдонҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи заминҳо дар беморхонаҳо, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва масҷидҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо деҳқонон ва сокинони касбу кори гуногун бевосита дар маҳали истиқоматии онҳо мулоқот намуда, ҷиҳати  коркарди дурусти агротехникӣ, хомтоккунии токҳо ва буридани дарахтони мевадор ёрии методӣ расонидааст.

Дар баробари ин, дар ҷараёни сафарҳои корӣ бо аъзоёни Ситод, ки дар сатҳи ноҳия фаъолият доранд, суҳбат гузаронида шуда, оид ба таҳлили пурраи захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия, таъмини пурраи кишти зироатҳои кишоварзӣ тибқи дурнамои тасдиқшуда, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои вусъати киштукори баҳорӣ, мусоидат ба таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, назорати қатъии истифодаи заминҳо, саривақт анҷом додан ва то 60 фоиз расонидани кишти такрорӣ ва то 40 фоиз кишт намудани картошка, ченаки воқеии кишти зироатҳои кишоварзӣ, пурра ба ҳисоботи оморӣ ворид намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи соҳаи кишоварзӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин, дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор ва соҳибкорон андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дастрас намудани нуриҳои маъданӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, дастуру супоришҳо дода шудаанд.

Фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Вахши вилояти Хатлон идома дорад.

2