Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

http://www.zoofirma.ru/

IMG 4400Бо иштироки муовини Сарвазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳамчунин сардорону кормандони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, раисон ва муовинони раисони кумитаи идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», директорони муассисаву корхонаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода О.А. дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо ва корхонаҳои зертобеъ дар се моҳи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ҷиҳати иҷрои қарору фаромишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонид.

Натиҷаи корҳои иҷрогардида вобаста ба ҳисоботи давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 29 феврали соли 2020, №135 «Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020» тасдиқ карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатӣ қайд намуд, ки бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешови миллат масоҳати заминҳои партов сол ба сол кам гардида, танҳо дар соли 2019 майдони заминҳои партов 5223гектар, аз он обӣ 4082 гектар кам шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид шудаанд.

Аз ҷумла, майдони 4871 гектар, аз он 3737 гектар обӣ ба заминҳои корам ва майдони 352 гектар, аз он обӣ 345 гектар ба ниҳолҳои бисёрсола гузаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки камшавии заминҳои партов, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст нисбат ба ҳолати 01.01.2019-ум 4 баробар зиёд мебошад.

Хоҷазода О.А. изҳор дошт, ки новобаста аз корҳои иҷрогардида, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 55 гектар заминҳои партов, аз он обӣ 18 ҳазору 658 гектарро ташкил медиҳад ва Кумитаи давлатӣ бо таъсис додани гурӯҳи корӣ барои дар оянда ҳарчӣ бештар барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боқимондаи партов тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вобаста ба масъалаи баррасишаванда муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пурсиш ба амал оварда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият дар самти назорати истифодаи заминҳо дастуру супоришҳо дод.

Сипас раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматзода, раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед Аюбӣ, раиси Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Диловаршо Насуллобек ва раисони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои кишвар, роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни ҳисоботи онҳо муовини Сарвазири кишвар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва холимонда, пешгирии ғасби худсаронаи замин ва истифодаи ғайримақсадноки замин супоришҳо доданд.

Баъди анҷоми музокира ва пурсиши масъулин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани корхонаҳои зертобеъ, беҳтар намудани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, назорати қатъии кишти зироатҳо тибқи дурнамои тасдиқшуда ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дахлдошта масъулинро вазифадор намуд.

IMG 4401