ВОХӮРӢ ДАР КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

http://www.zoofirma.ru/

0-02-0a-57ee8ac95988d5cc65d8be4206067c391b035f05deae0a3ef7855afa55d71960 b166af91Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо раис ва муовинони раиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар самти назорати истифодаи мақсадноки замин ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки ба дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 декабри соли 2019 ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба истифодаи оқилонаи самараноки заминҳо, махсусан заминҳои корам баён шудаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир намуда, иҷрои ҳатмии он таъмин карда шаванд.

Баъдан Раиси Кумитаи давлатӣ ҳисоботи раисони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро шунида, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳамагуна қонунвайрокуниҳо, саривақт анҷом додани ченаки кишти картошка ва пахта, назорати истифодаи мақсадноки заминҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти корӣ дастуру супоришҳо дод.